Вафоташон ва оромгох,ашон

Ҷаноби Ҳазрати Сулаймон Ҳилмӣ Тунахон (қ.с.) дар санаи 16 сентябри соли 1959 (13 рабиулаввали соли 1379 ҳиҷрӣ) дар рӯзи чоршанбе пас аз намози аср дар хонааш дар Кисиклӣ ба дори бақо реҳлат намуданд (қаддасаллоҳу сирраҳул-аъоз). Аммо бо тасарруф ва тамоми иршодҳо ва камолоти худ то ба ҳол зиндааст.

Аз сабаби он, ки Ҷаноби Ҳазрати Сулаймон яке аз дарсиомҳои Фотеҳ буд, барои дафни ӯ дар қабристони Масҷиди Фотеҳ аз Шӯрои вазирон иҷозат мегиранд. Вале дар натиҷаи мухолифати Вазири корҳои дохилии ҳамон вақт Намик Гидек, маҷбур шуданд, ки дар қабри аз ҷониби полис дар Қабристони Караҷааҳмет кандашуда дафн намоянд. Дертар қабри шарифашонро бо як қуббаи атрофаш кушода, ки дар болои ҳафт сутуни мармарӣ қарор дорад, пӯшониданд, ва ҳоло ба як зиёратгоҳ табдил ёфтааст.

Ҷаноби Ҳақ дӯстдоронаш ва ҳамаи муъминонро ба шафоати ӯ ноил гардонад.