Асарх,ояшон

Ҷаноби Ҳазрати Сулаймон яке аз олимони бузурги Ислом дар солҳои охири ҳукмронии Давлати Усмонӣ буда, асарҳои зиёдеро таълиф намудааст. Вақте ки аз ӯ мепурсанд, ки чаро китоб наменависад, ба он чунин эзоҳ медиҳад:

“Асарҳои ба мисли хазинаҳои гаронбаҳо дар рӯшноии шамъ навиштаи салафро дидам, ки дар хок дафн шуда, пӯсидаанд, онҳоро ба баққолон фурӯхтаанд, ба партовҳо партофтаанд, ва қисме аз онҳо дар рафҳои китобхонаҳо дар зери чангу ғубор монда, пӯсида истодаанд. Дар як замоне, ки мадрасаҳояш баста шудаанд, хатташ дигар карда шудааст, ва илмҳои динӣ рӯ ба нобудӣ ниҳодаанд, ба ҷои китобнависӣ лозим донистам, ки китоби зинда, яъне талабаеро тарбият намоям, ки асарҳои илмии навишташударо фаҳмида, фаҳмонида тавонад ва илмро аз сатр ба садр ворид намуда, зинда гардонад.”

Дар баробари ин асарҳои навиштаи Ҷаноби Ҳазрати Сулаймон инҳоянд:

  • Ҳарф ва ҳаракатҳои Қуръон, Тартиб ва усули навтарин барои дар муддати хеле кӯтоҳ хондани Қуръони Карим. Ин асарро ӯ дар вақти зинда буданаш навишта ба чоп расонид, ва он барои ёд гирифтани қироати Қуръони Карим як навъ алифбо ба ҳисоб меравад. Аз ин асар то ба имрӯз миллионҳо нафар тарзи хондани Қуръони Каримро ёд гирифтанд, ва ҳоло ҳам ёд гирифта истодаанд.
  • Рисолаи Кибрити Аҳмар ва Рисолаи Иксири Улум ва Маърифат Мактубҳо ва Баъзе Масоили Муҳимма
  • Ин ду асари охир дар бораи тасаввуф буда, онро ҳамчун хулоса ва фишурдае аз Мактуботи Имом Раббонӣ мутолиа кардан мумкин аст.
  • Ёддоштҳои талабагонаш, ки ҳангоми тафсири Ҷузъи Омма аз ҷониби худи Ҷаноби Ҳазрати Сулаймон сабт гардидаанд.
  • Ёддоштҳое, ки талабагонаш ҳангоми тафсир кардани сураҳои Фотаҳа, Мулк, Нур, Аҳзоб, Қиёмат ва дигар сураҳо сабт кардаанд.