Паёмбари худро хуб бишносем

Фазилат ва шарафмандии инсон дар дунё ва дар охират вобаста ба хуб шинохтани паёмбарамон ҳазрати Муҳаммад Мустафо (с.а.в.) ва уммати ҳақиқӣ шудани Ў мебошад. Инсоне,ки Паёмбарамонро надонад,нашиносад ва дўст надорад,бошараф ва бофазилат шуда наметавонад.

Номи мубораки паёмбари мо Муҳаммад (с.а.в.), номи падарашон Абдуллоҳ ва номи модарашон Омина аст. ҳангомеки паёмбарамон дар раҳми модарашон ҳафтмоҳа буданд, падарашон вафот карданд. Паёмбарамон (с.а.в.) шаби душанбе 12-уми Рабиъ-ул-аввал мутобиқ ба шаби 20- уми моҳи Апрели соли 571- мелодӣ наздики саҳар дар Маккаи Мукаррама ба дунё омадааст. Ҳангоми таваллуд шуданаш ба ягон кўдаки навзоди дигаре шабоҳат(монандӣ) надошт .Он нури нубуввате,ки дар пешонии Паёмбарамон дида мешуд, чашми ҳар бинандаро хира мекард.То сини чаҳорсолагӣ дар назди модари разоъияшон (зане, ки аз ў шир хурдааст) Ҳалима монданд.Баъд аз чаҳорсолагиаш ба модараш супурда шуд. Дар шашсолагӣ модараш Омина низ вафот кард. Сипас Муҳаммад (с.а.в.) – ро бобояш Абдулмутталиб ба тарбияи худ гирифт, аммо дусол баъд аз вафоти модараш, яъне дар ҳаштсолагиаш бобояшро низ аз даст дод. Баъд аз ин дар тарбияи амакаш Абутолиб монданд. Даврони кўдакӣ, ҷавонӣ ва издивоҷи ҳазрати Расули худо (с.а.в.)- ро давраҳои беҳтарин ном бурдан мумкин аст.Хулоса ҳар саҳифаи зиндагии он ҳазрат бо чунон фазилат ва камолоте гузаштааст, ки насиби ҳеҷ инсоне нашудааст.

Дар бисту панҷ солагӣ бо уммул муъминин Хадиҷаи Кубро издивоҷ карданд. ҳеҷ гоҳ бутҳоро парастиш накардааст, ҳатто дар замони тифлияш низ бутҳоро дўст намедошт.Мутобиқ ба дини ҳазрати Иброҳим (ъ.салом) Худоро ибодат мекард.Зуд- зуд ба ғори Ҳиро, ки дар наздикии Макка буд,мерафт ва дар бораи азамат ва бузургии Аллоҳ (ъазза ва ҷалла) фикр мекард. Дар ишқу муҳаббате,ки Худованд аз азал насибаш карда буд, ғуттавар шуда, бо нури тавҳидие, ки дар қалбаш тобида буд, Худоро ёд мекард.

Рўзе ҳазрати Паёмбарамон(с.а.в.) дар ғори Ҳиро машғули ибодат буданд, ки Ҷабраил (ъ.салом)бо амри Худованд барои талқин намудани вазифаи паёмбарӣ ба назди ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с.а.в.) сабаби наҷрти олами башарият, маҳбуби Худованд ба наздаш омаду ба Ў гуфт:«Иқраъ- (бихон)» Паёмбарамон гуфт: «Ман хонанда нестам». Ҷабраил (ъ.салом) бори дуввум такрор карда гуфтанд: «Иқраъ – (бихон)».Ҳазрати Паёмбарамон (с.а.в.) боз ҳамон ҷавобро гуфт. Сипас Ҷабраили амин он ҳазратро ба оғўш гирифта, се бор синаи муборакашро фишор доданд. Ҳамин тавр Паёмбарамон (с.а.в.) таҳти як амалиёти маънаӣ қарор гирифт.Маротибаи сеюум Ҷабраил (ъ.салом) гуфтанд: «Иқраъ» ва Паёмбарамон(с.а.в.) бо як мўъҷизаи бузўрг ба хондан шўрўъ карданд.

«1.Бихон ба номи Парвардигорат, ки (ҳамаи ҷаҳонро) биофарид. 2.Одамиро аз лахтаи хуне биофарид. 3.Бихон! ва Парвардигори ту арҷмандтарин аст. 4.Худое, ки ба воситаи қалам омўзиш дод. 5.Ба одамӣ он чиро, ки ӯ намедонист, биомўхт».

Ҳамин тавр ба ҳазрати Муҳаммад (с.а.в.) вазифаи пайғомбарӣ дода шуд. Нузули Қуръони Карим дар зарфи бисту се сол ба итмом расид. паёмбари худо давоми Сездаҳ сол дар Маккаи Мукаррама инсонҳоро ба роҳи ҳақ даъват намуд. Ва тули ин Сездаҳ соле, ки дар Макка буд, машаққат ва сахтиҳои зиёдеро паси сар кард. Ба ҳама мушкилиҳо тоб оварда одамонро ба яктопарастӣ даъват намуд. Баъди 13 – соли нубуваташ ба Мадинаи Мунаввара ҳиҷрат кард. Дар он ҷо 10 – сол бо тамоми қувва вазифаи паёмбариашро ба ҷо овард. Ба инсонҳо маданияти инсониро ёд дода тамаддуни воқеъиро нишон дод. Бо нури ислом қалбҳои сиёҳу зангзадаи одамонро мунаввар намуд. Ҳамин тавр вазифаи худро то ба рўзи вафот ба итмом расонд. Дар сини 63 – солагӣ вафот кард. Ба олами инсоният Қуръони Карим ва суннати хешро амонат гузошт.

Дуруду салом бар ту бод, эй Расули Худо! Ту барои оламиён раҳмат-ал-лил-ъоламин ҳастӣ. Паёмбари инсу ҷин мебошӣ. Ту хотам-ул-анбиё ҳастӣ. Ту мухотаби хитоби Иззат«Лавлока лавлок ламо халақтул афлока» мебошӣ.Ту Муҳаммади Мустафо салаллоҳу алайҳи ва саллам ҳастӣ.