Давраи илм омузиашон

Ҷаноби Ҳазрати Сулаймон (қ.с.) таҳсили якуми худро дар соли 1902 (1318 румӣ) дар Мактаби Рушдияи Силистра тамом мекунад. Дар ҳамон сол дар Мадрасаи Сатирлии шаҳри Силистра таҳсилро оғоз намуда, дар ин ҷо илмҳои асосии арабиро меомӯзад. Баъд аз он барои ба охир расонидани таҳсил падараш ӯро дар соли 1907 ба Истанбул мефиристад. Ҳангоми ба Истанбул фиристодан падараш ба ӯ чунин тавсия медиҳад:

“Писарам, агар илми Усули фиқҳро хуб аз худ намоӣ, дар дини худ қавӣ мешавӣ. Агар илми Мантиқро хуб аз худ намоӣ, дар илми худ қавӣ мешавӣ.”

Ҷаноби Ҳазрати Сулаймон дар Истанбул таҳсили худро дар ҳалқаи дарси яке дарсиомҳои Фотеҳ ва олимони машҳури он замон Ҷаноби Бафрали Аҳмед Ҳамдӣ идома медиҳад. Дар ин солҳо боз дар Мадрасаи Ҳофиз Аҳмед Паша, ки дар Фотеҳ ҷойгир буд, иқомат мекунад. Дарсҳояшро бошад дар яке аз Мадрасаҳои Фотеҳ бо номи (Саҳни Самон) Баҳри Сафед Чифте Баш Куршунлу мехонад. Ҳамаи дарсҳоро аз Ҷаноби Аҳмед Ҳамдӣ аз худ намуда, дар соли 1913 аввалин шуда иҷозат мегирад.

Дар моҳи октябри соли 1914 (Tишриниаввали соли 1330) ба Қисми Олии Мадрасаи Дорул-Хилофатил-Олия, ки он замон ба тадрис оғоз намуда буд, номнавис шуда, синфҳои якум ва дуюмро бо имтиҳон мегузарад, ва таҳсили худро аз синфи сеюм оғоз менамояд. Ин ҷоро дар соли 1916 (сентябри 1332) хатм мекунад. (Ҳангоми таҳсил дар синфҳои сеюм ва чорум номи Қисми Олии чорсола, ки дар Мадрасаҳои Фотеҳ фаъолият мекард, дар соли 1917 ба номи Саҳн тағйир дода шуд.)

Дар 30 сентябри соли 1916 барои гирифтани ихтисос (докторӣ) ба шӯъбаи Тафсир ва Ҳадиси Мадрасатул-Мутахассисин, ки давраи таҳсилиаш сесола буд, номнавис мешавад. (Дар соли 1917 номи Мадрасаи Мутахассисин, ки дар Мадрасаи Абдулҳомиди Аввали назди Масҷиди Явуз Султон Салим дар Фотеҳ фаъолият мекард, ба “Мадрасаи Сулаймония” тағйир дода шуд.)

Пас аз он, ки ду соли аввалро бо муваффақият тамом кард, дар соли 1918 (1334) якҷоя бо бист дӯсташ ба онҳо мақоми Шайхулислом пешниҳод карда мешавад, ва тавассути иродаи санийяи Подшоҳ Меҳмед Ваҳидуддин Хон Рууси Мударрисии Истанбул дода мешавад ва ӯ дарсиом мешавад. Ҷаноби Ҳазрати Сулаймон, дар санаи 27 майи соли 1919 аз шӯъбаи Тафсир ва Ҳадиси Мадрасаи Сулаймонияро (Мадрасатул-Мутахассисин) бо дараҷаи якум хатм мекунад.

Баъди хатми Мадрасатул-Мутахассисин дар имтиҳоноти дохилшавии Мадрасатул-Қузот (Факултаи Ҳуқуқ) ҳам ҷои якумро касб менамояд. Аммо вақте ки инро бо як хурсандии беандоза ба падараш бо мактуб хабар медиҳад, чунин як телеграф дарёфт менамояд:
“Сулаймон, ман туро чун гусел ба чаханнам ба Истанбул нафиристодам.”

Падарашон бо ин телеграф ба он кас Ҳадиси Шарифи Ҳазрати Муҳаммад (с.а.в) “Аз се қозӣ дутояш дар ҷаҳаннам аст”-ро ёдоварӣ менамоянд.

Ҷаноби Ҳазрати Сулаймон (қ.с.) дар ҷавоби худ ба падараш мегӯяд, ки “Ҳеҷ гоҳ нияти машғул шудан бо касби қозигӣ (доварӣ)-ро надорад, ва мақсади ӯ дар соҳаи илмҳои динии зоҳирӣ ба камол расидан аст”. Сипас дипломи худро аз шӯъбаи Тафсир ва Ҳадиси Мадрасаи Сулаймония гирифта, Дарсиом мешавад, ва баъд аз хатми давраи таҳсилии 4 сола дар Мадрасатул-Қузот рутбаи қозигиро ҳам дарёфт менамояд. Ҳамин тавр дар илмҳои ақлӣ ва нақлии замони худ ба дараҷаи олӣ мерасад.

Илова бар ин Ҷаноби Ҳазрати Сулаймон илми астрономияро ҳам омӯхтааст.
Дарсҳо ва баҳоҳое, ки ӯ дар синфи сеюми Қисми олии Мадрасаи Дорул-Хилофатил-Олия хонда, ба даст овардааст, чунинанд:

  • Тафсири Шариф: 10
  • Ҳадиси Шариф: 10
  • Илми Фиқҳ: 9
  • Усули Фиқҳ: 10
  • Хилофият (Ҳуқуқи муқоисавии Ислом): 10
  • Илми Калом: 10
  • Фалсафа: 10
  • Ҳуқуқ ва Қавонин: 9
  • Адабиёти Арабийя: 10
  • Якун: 88

Дар санаи 27 майи соли 1919 (14 майи соли 1335 румӣ) Мадрасаи Сулаймонияро хатм кард, ва дарсҳо ва баҳоҳое, ки дар охирин синф хонда гирифтааст, чунинанд:

  • Тафсири Шариф: 10
  • Усули Ҳадис ва Нақди Риҷол: 10
  • Ҳадиси Шариф: 10
  • Табақоти Қурро ва Муфассирин: 10
  • Рисола (Поённомаи докторӣ): 9 + 2/7
  • Адади Васат (Ҷамъбаст): 9 + 9/14

Баъзе дарсҳое, ки дар Мадрасатул-Қузоти Қазо аз худ намуда, имтиҳон супоридааст, ва дар дипломи гирифтааш қайд гардидаанд, инҳо мебошанд:

  • Ҳуқуқи Рум,
  • Сакки Шаръӣ,
  • Ҳуқуқи Тиҷорати Биррия,
  • Ҳуқуқи Тиҷорати Баҳрия,
  • Ҳуқуқи дувал (давлатҳо) ва ғ.