Вазифа ва Хизматх,ояшон
Ҷаноби Ҳазрати Сулаймон, пас аз хатми мадраса дар соли 1919, аз санаи 1 июни соли 1920 вазифаи худро бо унвони дарсиом оғоз намуд. Ҳангоми идома додани вазифаи дарсиом, аввалин бор ба ҳайси мударрис дар соли 1922 дар синфи якуми қисми Ибтидои Хориҷи Мадрасаи Дорул-Хилофатил-Олия ба унвони мударриси забони туркӣ таъин гардид. Баъд аз он дар соли 1923 аввал ба ҳайси мударриси забони арабӣ (Сарфи Арабӣ) ва баъд боз ба ҳайси мударриси забони туркӣ кор кардааст.
Дар ин муддат дар санаи 1 ноябри соли 1922 Салтанати Усмонӣ аз байн рафт. Баъд аз он дар санаи 3 марти соли 1924 бо судури Қонуни Тавҳиди Тадрисот мадрасаҳо аввал ба Маориф (Вазорати Таҳсилоти Миллӣ) вобаста карда шуда, баъд аз чанд муддат барҳам дода шуданд.
Аммо, вақте ки Мадрасаи Ибтидои Хориҷ, ки ӯ дар он иҷрои вазифа мекард, ба Мактаби Имом Хатиб табдил дода шуд, Ҷаноби Ҳазрати Сулаймон аз сабаби он, ки ӯ бо шартҳои он замон ва сиёсати таъқибгарӣ дар он ҷо таълими динии кофиро дода наметавонист, барои аз ӯҳдаи дарсиомӣ баромадан аз касби мударрисӣ бо хоҳиши худаш истеъфо дод.
Бо Қонуни Тавҳиди Тадрисот мударрисон озод монданд. Ҷаноби Ҳазрати Сулаймон мударрисони Истанбулро, ки дар Ҷамъияти Мударрисин теъдоди онҳо ба 520 нафар мерасид, ва худаш ҳам аъзои он буд, бо ишора ба ин, ки “пешрафтҳо боиси аз байн рафтани илмҳои динӣ мешаванд”, ҳамеша сухани зеринро такрор мекард:
“Эй дарсиомҳо, шумоён дар ин кишвар барои имрӯз таъминоти дин ҳастед, дунафарӣ ё сенафарӣ нишаста ба онҳо динро омӯзонед, ақалан панҷоҳ сол барои як ё ду насли оянда умри Исломро дарозтар мекунед. Агар ин корро накунед, дар ҳузури илоҳӣ гиребони худро аз масъулият наҷот дода наметавонед!.
Вале дар ҷавоб мударрисон чунин мегуфтанд: “Дигар бо касби устодӣ барои худ ризқу рӯзӣ ёфта наметавонем, мо бояд ба касбе рӯй оварем, ки моро қонеъ карда тавонад.”. Ҷаноби Ҳазрати Сулаймон ба онҳо чунин ҷавоб дод:
“Ҷанобон; устодӣ касб ва ё як заврак барои ёфтани ризқу рӯзӣ нест. Устодӣ маъмурияти таблиғи Аллоҳ, Расулуллоҳ, китобуллоҳ ва дини ҷалили Ислом аст”.
Ҷаноби Ҳазрати Сулаймон дар натиҷа баъзе мударрисонро қонеъ намуда, ба ҳукумат чунин як мактуберо ирсол менамояд:
“Мо, дарсиомҳое, ки дар поён имзо гузоштаем, бо таваҷҷӯҳи он, ки ҳукумат барои баромадан аз як фалокати бузург ба мисли ҳарби умумӣ ба мушкили молӣ гирифтор шудааст, барои ба таври ройгон таълим додани илмҳои динӣ ва исломӣ омода ҳастем.”
Вале дар посух ба ин дархост чунин ҷавоб меояд:
“Дар кишвар Қонуни Тавҳиди Тадрисот ҷорист, ҳаракат дар хилофи он ба шиддат мавриди муҷозот қарор мегирад!”
Дар соли 1926 охирин маротиба деҳааш Ферҳатларро зиёрат карда, чил рӯз дар он ҷо мемонад, ва баъд дубора ба Туркия бармегардад. Ду сол пас (дар соли 1928) хабари вафоти падараш Ҷаноби Усмонро дарёфт менамояд.
Ҷаноби Ҳазрати Сулаймон таҳти фишори тамоми шартҳои манфӣ барои дини мубини Ислом ғайрат нишон медод, ва он рӯзҳои вазнинро чунин шарҳ медиҳад:
“Замоне фаро расид, ва ман ба андозаи маоши намояндагон пул дода талаба таълим додан мехостам, вале наёфтам. Пулро гирифта мегурехтанд, зеро метарсиданд. Метарсидам, ки ин илмҳо аз рӯи олам нопадид мешаванд. Аммо дертар Ҷаноби Ҳақ сабабҳо офарид ва имконияти таълим доданро ёфтам. Аз пиронсолон сар кардем, ва баъдтар ҷавонон омаданд. Ҳоло пешрафт ҳаст. Ҳамаи инҳо лутфи Худованд нисбати мост.”
Дар он айём Ҷаноби Ҳазрати Сулаймон пайваста таҳти пайгарди полис қарор дошт, ва дар соли 1930 барои таълим додани талабагон аз Истанбул ба деҳаи Кабакчаи ноҳияи Чаталҷа рафта, як киштзорро ба иҷора мегирад. Илова бар ин бо ҳамроҳии як шарик намояндагии аслии ширкати ба номи Тракяро мехарад, ки бо фурӯши газойл машғул буд. Дар киштзоре, ки ба иҷора гирифта буд, аз байни коргароне, ки дар он кор мекарданд, баъзеяшонро интихоб карда, ба онҳо дарс медод. Вақте ки ин вазъият ба полис собит шуд, барои идома додани дарсдиҳӣ ба деҳаи Кушкаяси, ки дар он наздикӣ ҷойгир аст, меравад. Билохира дар Силиври дар як минтақаи танҳои ҷангал, ки онро барои истеҳсоли ангишти булут ба иҷора гирифта буд, дарсдиҳии худро давом медиҳад.
Замоне ки аз ин фаъолиятҳо ҳам огоҳ шуданд, дар соли 1933 ба ҷануб рафта, дар базе аз дехахое,ки дар зери силсилакуххои Торос карор доштанд бо коркарди шир машғул шуда, ба талабаҳо дарс медод. Баъд аз он бо мақсади таълим додани талабагон дар Адапазари як корхонаи хишти пухта барориро мехарад. Дар вақти талаба наёфтанаш, ба ду духтараш дарс медод, ва баъд ба онҳо барои дарсдиҳӣ иҷозат дод.
Ҷаноби Ҳазрати Сулаймон ҳар вақте ки бо воситаҳои ба иҷора гирифтааш дар дохили шаҳр сайругашт мекард ва дар сафарҳои байнишаҳрӣ,китавассути поезд мекард,вагоне ичора гирифта тули рох таълим мекард.
Ҷаноби Ҳазрати Сулаймон илова бар ин дар Истанбул дар масҷидҳои нисбатан хурд, аз ҷумла Доғанҷилар, Азиз Маҳмуд Худоӣ, Яғкапани, Софта Хатиб, Учмеҳраблӣ, Масҷиди Кабири Қосимпаша, Пиёлапаша, Масҷиди Оғо, Масҷиди Араб, Асмали Масҷид, Масҷиди Кисикли, ва дар баробари онҳо дар масҷидҳои салотини калон ба мисли Шоҳзодабошӣ, Лолалӣ, Фотеҳ, Сулаймония, Султонаҳмад, Боязид, Масҷиди Нав (Йени Ҷамӣ) фаъолиятҳои хутбахонӣ ва иршодии худро идома медиҳад.
Ҷаноби Ҳазрати Сулаймон дар баробари ин хизматҳояш фаъолияти аслии худро, ки таълими талаба ба ҳисоб мерафт, дар утоқҳои масҷид, дар хонаҳо, дар таҳхонаҳои биноҳо давом медод. Дар байни талабаҳояш нафарони ҷавон ва пиронсолони касбу корашон гуногун вуҷуд доштанд
Ҷаноби Ҳазрати Сулаймон ҳам бо таъсири хутбаҳояш ва ҳам дар натиҷаи пойбандӣ ба ақидаи Аҳли Суннат вал-Ҷамоат аз ҷониби қишрҳои гуногуни мардум мавриди лутфу эҳтиром қарор гирифт, ва баъд аз соли 1950 бо истифода аз баъзе имкону фурсатҳо бо ёрии сарватмандоне, ки ӯро дӯст медоштанд, фаъолияти таълими динии худро ба сатҳи боз ҳам баландтар бардошт.
Ҳамин тавр, дар соли 1951 дар деҳаи Чамлиҷаи Ӯскӯдар дар ошёнаи якуми кӯшки кӯҳнаи як соҳибкор, бо ҳамроҳии як талабаи тақрибан бисту панҷ сола, аввалин Курси Қуръони маскуниро кушод. Дар солҳои таҳти пайгард қарор гирифтанаш маҳалли истиқомати муайяне надошт, ва аз ҳамин сабаб дар хонаҳое, ки дар Чамлиҷа ва атрофи он ба иҷора мегирифт, ва дар як бинои назди чиллахонаи Азиз Маҳмуд Худоӣ ҳалқаҳои дарс барпо мекард. Дар ҳамон солҳо дар қисмати аврупоии Истанбул дар масҷидҳои Шаҳзодабошӣ ва Таштекне (Мулло Хусрав) дар ибтидо ба ҳайси имом ва муаззин фаъолият карда, ба талабаҳо дарс медод.
Ҷаноби Ҳазрати Сулаймон дарсҳоеро, ки дар гузашта дар мадрасаҳо таълим дода мешуданд, бо дарназардошти шароити замон дар муддати кӯтоҳ таълим медод. Вақте ки ӯро барои дар муддати кӯтоҳ тарбия кардани талабагон мавриди танқид қарор доданд, чунин фармуд: “Ҷанобон, дар ҳоле ки фарзандони Уммати Муҳаммад ба монанди сел ба ҷаҳаннам рехта истодаанд, оё ба муддати панҷ ё даҳ сол таълим додани ин илмҳоро таҳаммул кардан мумкин аст? Мо ба фарзандонамон калидҳои илмро медиҳем, ва онҳо бо ин калидҳо дарҳои китобҳо ва китобхонаҳоро мекушоянд.”
Ҷаноби Ҳазрати Сулаймон тадрисоти худ пеш аз ҳама Қуръони Карим ва илми ҳолро ёд медод, ва баъд аз илми сарфи забони арабӣ китобҳои Амсила, Бино, Мақсуд, Иззӣ, Мероҳ; ва илми наҳви забони арабӣ китобҳои Авомил, Изҳор, Қофия, Мулло Ҷомӣ; доир ба калом Ақоиди Насаффия ва қасидаи Амолӣ; аз фиқҳ асарҳои арабии Нурул-Эзоҳ, Кудурӣ; аз усули фиқҳ Мухтасарул-Манор; аз мантиқ Исогоҷӣ; аз илми баён ва бадеъ Рисолаи Алоқа ва Талхисул-Мифтоҳро таълим медод. Дар сатҳи пешрафта ба талабагоне, ки дарсҳоро аз худ карда буданд, аз илми калом асари Шарҳи Ақоиди Саъдуддин Тафтазонӣ, аз фиқҳ Дурарул-Ҳуккоми Мулло Хусрав, аз усули фиқҳ боз ҳам асари Миръатул-Усули Мулло Хусрав, аз мантиқ асари Шамсияи Алӣ ал-Қазвиниро таълим медод. Вобаста ба замону макон асарҳо доир ба фароиз, тафсир, усули тафсир, ҳадис, усули ҳадис, таърихи Ислом ва забони форсиро таълим дода, иҷозат медод. Ба талабагони худ дар баробари илмҳои динӣ доир ба астрономия ва тиб маълумот медод ва онҳоро дар бораи пешрафтҳо хабардор мекард.
Ҷаноби Ҳазрати Сулаймон талабагони худро барои иҷрои вазифаи устодӣ ба маконҳои гуногун мефиристод ва бо ин роҳ теъдоди ҳалқаҳои дарси худро боз ҳам зиёд мекард, ва хусусан дар моҳҳои Рамазон онҳоро барои хутбахонӣ ва иршод ба деҳаву шаҳрҳои гуногуни Анатолия ва Тракя мефиристод.
Аз тарафи дигар талабагони худро ба имтиҳонҳои расмӣ фиристодааст, ки дар натиҷа аксарияти онҳо ба ҳайси муфтӣ, хатиб, имом ва устоди Курси Қуръон хизмат кардаанд. Ӯ талабагони худро танҳо аз лиҳози илмӣ ва маънавӣ тарбият накардааст, балки ба мушкилоти онҳо оиди хӯрдану нӯшидан, сарпаноҳ ва тандурустӣ ғамхорӣ зоҳир мекард
Ҷаноби Ҳазрати Сулаймон ҳангоми фаъолияти хутбахонӣ ва таълими талабагон чандин маротиба мавриди таъқиб қарор мегирифт, ва ӯро ба идораи полис бурда баёноташро мегирифтанд, ва ҳатто баъзан дар утоқи махсуси назоратии Шӯъбаи якуми Идораи амнияти Истанбул, ки аз сабаби шароити бад доштанаш онро “азоби гӯр” меномиданд, мавриди шиканҷа қарор мегирифт.
Дар соли 1956 дар як хутбаи худ “Ба бародарони Алҷазоирии худ ёрдам дода наметавонем, ақалан бо дуоҳоямон онҳоро дастгирӣ намоем” мегӯяд, ва барои ин суханаш дар амният баёноташро мегиранд.
Дар соли 1957 як шахс аз Кутаҳя Тавшанлӣ бо тарафдоронаш дар масҷиди ҷомеи Бурса бо иддаои маҳдавият намоиш баргузор мекунад. Ҷаноби Сулаймонро бо ин ҳодиса иртибот медиҳанд, ва баъд аз бозпурсӣ дар Раёсати амнияти Кутаҳя дар синни шасту нӯҳ солагӣ боздошт карда, баъд аз панҷоҳу нӯҳ рӯз бо талаби эъдом ба ҳузури ҳоким мебароранд. Вале ба мисли қаблӣ дар ин ҷо ҳам маълум мешавад, ки ин ҳодиса як навъ сохта ва шоҳидонаш дурӯғгӯ будаанд, ва дар санаи 29 августи соли 1957 бо кафолат озод карда мешавад, ва пас аз он дар санаи 8 ноябри соли 1957 бегуноҳ дониста мешавад.
Ҷаноби Ҳазрати Сулаймон ҳаёти худро барои таълим додани талабагон ва ба иршод расонидани одамон фидо карда буд, ва барои ин ба тӯҳматҳои вазнин ва фишори доимии мақомоти амниятӣ рӯбарӯ мешуд.