АБУ ЯЗИД ТАЙФУР БАСТОМӢ (Қ.С.)

Панҷум ҳалқаи силсилаи содот Абу Язид Тайфур Албастомӣ (қ.с.) бо номи Тайфур, тахаллуси Абу Язид, ва куняи Султонул Орифин машҳур ва маърум гардидааст. Номи падараш Исо мебошад. Соли 188.ҳ (. 803) дар қисмати ҷанубии Эрон, наздикиҳои баҳри Ҳазар дар шаҳри Бастом ба дунё омада аст. Бо номи Одам ва Алӣ ду бародари дигаре дошт, ки ҳар се обид ва зоҳид буданд.

Абу Язиди Бастомӣ (қ.с.) Увайсӣ буда дар тарбияи руҳонияти Ҷаъфари Содиқ (р.а.) тарбия ёфта аст.

Суханони муборакашон

“Бо риъоят кардани ҳалолу ҳаром метавон ба Ҳақ восил шуд. Риъоят накардани ҳалолу ҳаром боиси ронда шудан аз даргоҳи Илоҳист.”

Шахсе ба наздашон омада “ Ду чизе ба ман бифармо, ки сабаби наҷотам гардад.” гуфт “Ин ду чизро хуб биёмуз. Зеро ин ду чизро хуб биёмузӣ ба чизи дигаре муҳтоҷ намегардӣ: Ба дурустӣ, ки худованд туро медонад ва аз ҳар як кардаи ту бохабар аст.” фармуданд.

“ Чи гунае, ки гуноҳи кардаат ба ту зарар мерасонад, бародари муъминатро ҳақир дидану паст заданат низ ба монанди гуноҳи кардаат ба ту зарар мерасонад.”

“ Аз накардаҳоям суол шуданам, беҳ аз онест, ки аз кардаҳоям суол мешавам.”

Вафот ва қабри шарифашон

Абу Язиди Бастомӣ соли 261.ҳ (М. 874) ё ин ки 264.ҳ (М.877) аз оллам чашм пушид. Доир ба дар куҷо қарор доштани қабри шарифашон ривоёти муҳталифе мавҷуданд. Ривояти машҳуре далолат барон медиҳад, ки қабри шарифашон дар Бастом мебошад.

Дар наздикиҳои ноҳияи Киркҳони ш. Ҳатай қарор доштани қабри шарифашон низ ривоят шуда аст.