Зиндагинома

Ҳазрати Сулаймон Ҳилмӣ Тунахон қуддиса сирруҳ дар соли 1888 (1305 ҳиҷрӣ/ 1304 румӣ) дар деҳаи Ферҳатлар (имрӯз шаҳри Разград), қасабаи Ҳазергради Силистра, ки дар замони мо дар дохили ҳудуди Булғористон ҷойгир аст, ба дунё омад. Падараш Ҷаноби Хоҷазода Усмон Февзӣ (1845-1928) таҳсили худро дар Истанбул анҷом дода, дар Силистра дар мадрасаҳои Сатирлӣ ва Ҳоҷӣ Аҳмед Паша чандин сол мударрисӣ кардааст, ва як дарсиоми машҳур мебошад. Модараш Хадиҷа Хонум аст. Бобояш Ҷаноби Маҳмуд бошад як шахсе мебошад, ки бо номи Каймак Ҳофиз машҳур буда, тақрибан дар синни 110 солагӣ вафот кардааст.

Ҷадди ин оилаи асил бо номи Хоҷазодаҳо машҳур буда, ба Ҷаноби Сайид Идрис мерасад, Ҷаноби Идрис шахсе мебошад, ки Фотеҳ Султон Маҳмад Хон ба ӯ унвони Туна Хонро насб карда, илова бар ин хоҳари худро ба ҳамсарии ӯ додааст.

Ҷаноби Ҳазрати Сулаймон ба мисли падараш лақаби Хоҷазодаро истифода бурда, ҳамзамон бо қабули Қонуни насаб, насаби “Тунахон”-ро гирифт ва аз сабаби он, ки писари якумаш Форуқ ном дошта, дар синни хурдсолӣ вафот карда буд, ӯро бо кунияи “Абул-Форуқ” мешиносанд.

Падараш Ҷаноби Усмон вақте ки дар Истанбул таҳсил мекард, як хоби (рӯъёи) шоёни диққатро мебинад. Дар рӯъёяш мебинад, ки як порча аз баданаш ҷудо шуда ба осмон мебарояд ва ба рӯи дунё рӯшноӣ меандозад, ва ин рӯъёи худро дар шакли “аз сулбаш як фарзанд ба вуҷуд омада, дунёро аз лиҳози маънавӣ равшан месозад” таъбир менамояд.

Ба Силистра баргашта издивоҷ мекунад. Аз байни чор писараш, ки бо номҳои Фаҳим, Сулаймон Ҳилмӣ, Иброҳим ва Халил ба дунё омаданд, истеъдоди ба таъбири рӯъёяш мувофиқро дар Сулаймон Ҳилмӣ мебинад. Барои тарбият ёфтани ӯ диққати махсус медиҳад.