ШАЙХ ЮСУФИ ҲАМАДОНӢ (Қ.С.)

Ҳаштум ҳалқаи силсилаи содот Юсуфи Ҳамадонӣ (қ.с.) соли 440.ҳ (М.1048) дар шаҳри Ҳамадони кишвари Эрон ба дунё омад. Яке аз наберагони Имоми Аъзам буда, бо тахаллуси Абу Яъқуб машҳур аст.

Вафот ва қабри шарифашон

Солҳои охири умрашро гоҳ дар Ҳирот ва гоҳ дар Марв сипарӣ мекард. 28. Муҳаррами соли 535.ҳ (М.1140) ҳангоми сафар аз Ҳирот ба Марв дар сини 95 солагӣ аз олам гузашт ва дар онҷо дафн гардид. Баъдан қабрашон ба Марв интиқол дода шуд. Қабри шарифошон алҳол дар қисмати шарқии шаҳри Марви Туркманистони ҳозира, дар деҳаи Марв ҷойгир аст.