ҲАФИДИ СИДДИҚИ АКБАР ҚОСИМ (Р.А.)

Сеюмин ҳалқаи силсилаи содот Қосим бин Муҳаммад (р.а.) аз ҷумлаи тобиъин буда набераи ҳ. Абубакр мебошад. Бо тахаллуси Абу Абдурраҳмон машҳур буда дар давраи хилофати ҳ. Усмон ба дунё омадааст.

Модараш Савдо духтари охирин подшоҳи Эрон Яздаҷирд мебошад. Вақте, ки ҳ. Умар Эронро фатҳ кард дар байни асирон се духтари Яздаҷирд низ мавҷуд буданд. Аз инҳо яке бо ҳ. Ҳусайн хонадор шуд ва имом Зайналобидин ба дунё омад. Дигаре бо Абдуллаҳ бин Умар хонадор шуд ва Солим бин Абдуллоҳ ба дунё омад. Савдо бошад бо писари ҳ. Абубакр Муҳаммад хонадор шуд ва Қосим бин Муҳаммад ба дунё омад. Ҳар се ин зот аз пешвоёни давра ба шумор мерафтанд.

Суханони муборакашон

“ Инсонҳо аз ман фатво пурсон мешуданд, ман ин масаларо намедонам, мегуфтам. Суолро такрор мекарданд. Он вақт валлоҳи ман ҷавоби ин суолро намедонам. Шояд агар медонистам албатта посух медодам. Зеро чизеро дониста аз шумоён пинҳон карданам ҳаром аст.

Саволи додаи шуморо намедонам. Тамоми аҳкоми илоҳиро дониставу ҷоҳилона зистан, беҳ аз масалаеро надониста ҷавоб гуфтан аст.”

Вафот ва қабри шарифашон

Дар охири умр бисёр ҳам заъиф гардида буд. Ба зиёрати хонаи худо сафар доштанд, ки дар роҳ умр вафо накард. Соли 106 ҳ (М.724) дар сини 72 солагӣ дар Қудайд, ки дар миёни Макка ва Мадина ҷойгир буд, аз олам гузаштанд. Писарашон пуштора карда ба мавзеъи Мушаллал, ки 5 км дуртар аз ин мавзеъ буд бурда дар онҷо дафн карданд.