ШАЙХ ШАМСУДДИН ҲАБИБУЛЛОҲ (Қ.С.)

(қ.с.) 11. Рамазони соли 1111.ҳ (М. 1700) ва ё 1113 рӯзи мубораки ҷумъа ба дунё омад. Номи пурраашон Мирзо Ё ин ки Мазҳари Ҷони Ҷонон мебошад. Насабашон баъд аз 28 батн ба воситаи ҳ. Муҳаммад бин Ҳанафия ба ҳазрати Алӣ (р.а.) пайваст мегардад. Бобоёнашон, ки аз ҷумлаи аркони давлат ба шумор мерафтанд, соҳиби ахлоқи ҳамида, мурувват, адолат, ва шуҷоъат буда дар дин содиқ буданд. Бобояш ҳ. Мирзо Ҷон мақому мавқеъи дунявиро тарк намуда фақр ва қаноъатро ихтиёр кард; тамоми сарваташро ба фақирону мискинон тақсим кард.

Суханони муборакашон

Чунин гуфтан: “Ба худо ва расули ў Муҳаммад Мустафо (с.а.в.) ва ҳарон чизе, ки расулуллоҳ ба мо овард имон овардам; ҳарон чизе, ки худо ва расули у (с.а.в.) дуст доштанд ман низ дуст доштам, ҳарон чизе, ки буғз карданд ман низ буғз кардам, имони иҷмолист ва барои наҷоти эшон кофист.”

“Авлиёуллоҳ (дустони худо) ро дуст дошта эҳтиром кардан лози аст. Шайхи худро аз дигарон афзалтар шумурдани банда нишонаи муҳаббати уст. Зеро ин ки у аз шайхи худ истифода карда фоидаи маънавӣ ба даст меоварад.”

Вафот ва қабри шарифашон

7. Муҳаррами соли 1195.ҳ (М. 1781) рӯзи чоршанбе, се Маҷусӣ ба дари Мавлоно Шамсуддин Ҳабибуллоҳ омаданд. Хизмадгор аз омадани ин се мусофир ба Шайх хабар дод. Шайх аз ҷояш хеста онҳоро ба дарун хонд. Яке аз инҳо Мирзо Ҷони Ҷонон шумойед? Гуфта пурсон шуд. Бале, манам, гуфт. Ашхосе, ки дар назди шайх қарор доштанд онҳо низ бале шайх ин кас мебошад, гуфтанд. Маҷусӣ дарҳол ханҷарашро бароварда шайхро захмдор кард.

Баъд аз се руз шоми ҷумъа се маротиба дароз нафас гирифта ҷон ба Ҳақ супурд ва дар Деҳли дафн гардид.