Сиву дуюм ҳалқаи силсилаи содот Шайх Салоҳуддин ибни Мавлоно Сироҷуддин (қ.с.) аз шаҳри Оши кишвари Қирғизистон мебошад. Ба сабаби дар шеър истифода кардани тахаллуси “Соқиб” дар байни мардум бо номи Салоҳуддин Соқиб низ маъруф гардида аст. Падараш Мавлавӣ Сироҷуддин (вафот: 1296/1879), падари вай Хол Муҳаммади Ошӣ (вафот: 1271/1854-55), падари вай шоири машҳури мутасаввиф Хоҷа Назар Ҳувайдойи Чимёнӣ (вафот: 1195/1781), падари вай Ғоибназар, падари вай Эр Назар, падари вай Тулек Муҳаммади Суфӣ, падари вай Шайху-л Вилоят Сулаймон мебошад.
Ҳ. Салоҳуддин (қ.с.) соли 1838 дар шаҳри Ош ба дунё омад. Дар осорашон алалхусус Ошӣ буданашонро ифода кардаанд.
Вафот ва қабри шарифашон
Баъд аз баргаштанашон аз шаҳри Ҳиҷоз соли 1328.ҳ (М. 1910) дар шаҳри Ош аз олам гузаштанд. Қабри шарифашон алҳол дар шаҳри Ош дар қабристони Сармазор ҷойгир аст. Мақбараашон соли 1940 аз тарафи коммунистҳо тахриб карда шуда чанде қабл аз нав иншо гардид. Баъд аз вафоташон ин ибораи муборакашон ба забони форсӣ дар байни мардум садо дод.
“Маскани маънавии моён шуд биҳишт”
Яке аз шоирони машҳури Қуқанд Ҳоҷи Муҳйӣ низ: “Восили Ҳақ ҷаннат маоб Соқиб” (Соқиб ба ҳақ расид ва маконаш ҷаннат шуд) чунин ибораҳои зеборо ба забон овард. Шоири дигаре ҷумлаи зеринро ба забон овард:
“Бидонед, ки таърихи вафоти Шайх Соқиб калимаи “Ба Мағфур” аст.