ШАЙХ САЙФУДДИН ОРИФ (Қ.С.)

Бисту панҷум ҳалқаи силсилаи содот Шайх Сайфуддин (қ.с.) писари Муҳаммад Маъсум (қ.с.) мебошад. Бинобар аз насли ҳ. Умар (р.а.) буданаш Форуқӣ мебошад. Соли 1055.ҳ (М. 1645) дар Сарҳанд ба дунё омад.

Вафот ва қабри шарифашон

Ҳаёташонро ба эҳёи суннат ва имҳои (нест кардан) бидъат сарф карданд. Соли 1095.ҳ (М. 1685) аз олам гузаштанд. Алҳол қабри шарифашон дар наздикии қабри падараш Муҳаммад Маъсум (қ.с.) ҷойгир аст.