ШАЙХ МУҲАММАД МАЪСУМ (Қ.С.)

Фарзанди сеюми Имом Раббонӣ Муҳаммад Маъсум (қ.с.) бисту чорум ҳалқаи силсилаи содотро ташкил медиҳад. Баъд аз вафоти Имом Раббанӣ вазифаи иршодро давом додааст. Бо тахаллусҳои Муҷаддид ва Ъурвату-л Вусқо машҳур гардида аст. 11. Шавволи соли 1007.ҳ (М. 1598) дар Мулки Ҳайдар ки тақрибан 5 км дуртар аз Сарҳанд қарор дошт, ба дунё омад. Имом Раббони таваллуди писараш Муҳаммад Маъсум (қ.с.) ро аз барои худ муборак медонист. Зеро чанд моҳ баъд аз таваллуди писарашон бо устодашон Муҳаммад Боқӣ Биллоҳ (қ.с.) мушарраф гардида ба шарофати устодашон ба тамоми илмҳо ноил шуданд.

Вафот ва қабри шарифашон

Сиҳат ва саломат буданд. Рӯзе ба муридонашон аз китоби Мишкоту-л Масобиҳ дарси ҳадис мегуфтанд. Дарде аз пояшон еҳсос намуданд, ки ин дард дар як муддати кутоҳ тамоми аъзояшонро фаро гирифт. Муддати зиёд ба ин дард сабр намуда дар ибодоти худ ғайрат сарф мекарданд. Ба хилватнишинони Сарҳанд, ки барои машғул шудан ба зикр ба як гушаи Сарҳанд рафта буданд, мактубе фиристоданд. Дар мактуб чунин навиштаҷоте ба назар мерасид: “Ин фақир Муҳаммад Маъсум аз дунё мегузарад. Барои ба имон аз дунё гузаштани ин фақир дуъо бифармойед.”

9. Рабиъуаввали соли 1079.ҳ (М. 1668) нисфирӯзӣ дар Сарҳанд аз олам гузаштанд. Дар вақти дафн чунон борон меборид, ки гӯё осмон ба гиря омада бошад. Қабри шарифашон дар наздикии падарашон Имом Раббонӣ қарор дорад. Ҳукмдори Бобур Аврангзеб Оламгир дар болои қабри шарифашон мақбараи бузурге иншо карданд. Се фарзанди дигарашон низ дар ҳамонҷо дафн гардиданд. Алҳол қабри шарифашон дар ш. Сарҳанди кишвари Ҳиндустон қарор дорад. баъд аз вафоташон вазифаи иршодро писари панҷумашон Шайх Сайфуддин Ориф (қ.с.) давом дода аст.