ШАЙХ МАЗҲАР ЭШОН ҶОНИ ҶОНОН (Қ.С.)

Сиву якум ҳалқаи силсилаи содот Шайх Эшон Ҷони Ҷонон (қ.с.) писари хурдии Аҳмад Саъид (қ.с.) мебошад. 3. Ҷамозиялаввали соли 1248.ҳ (М. 1832) дар Деҳли ба дунё омад. Бобояш Шайх Абу Саъид ба хотири ишора кардан ба Муҳаммадӣ машраб будани вай, ӯро “Мазҳари Муҳаммад” ном гузоштанд.

Суханони муборакашон

“Ҳар кореро ба худо ҳавола кардан, тамоми тағйироти аҳволро аз тақдироти илоҳӣ донистан, дар ҳодисаҳое, ки ба миён меояд чуну чаро накардан, эътироз накардан, тамоми он неъматҳоеро,ки худованд бар бандагон ато кардааст, тафаккур карда имони қалбро пурқувват сохтан, хазинаи бепоёони ўро ба хотир овардан, аз нафси худ ва тамоми махлуқот умедро буридан, танҳо аз парвардигор умедвор шудан; ана ин аст хулосаи ҳаёти тайиба.”

“Мурид дар он ҳоле ризои худоро меҷӯяд, ки дар муқобили аҳкоми қазои илоҳӣ мосиваллоҳ (ғайри худо) ро тарк намуда ба монанди майити дар дасти ғассолбуда умр ба сар мебарад.”

Вафот ва қабри шарифашон

12. муҳаррами соли 1301.ҳ (М. 1883) бо шиддат гирифтани дарди шикам аз олам гузаштанд. Субҳгоҳон баъд аз адои ҷаноза дар Ҷаннатул Боқӣ дар назди падарашон Аҳмад Саъид (қ.с.) ба хок супурда шуданд.