Ҳафтум ҳалқаи силсилаи содот Абу Алӣ Фармодӣ (қ.с.) соли 407.ҳ (М.1016) дар ноҳияи Фармод, ш. Туси кишвари Эрон ба дунё омад.
Мукофоти хизмат
Рузе устодашон имом Абу-л Қосим Қурайшӣ ба ҳамом даромада буд. Абу Алӣ Фармодӣ (қ.с.) берун аз дархости устод ду куза оби гарми лозимиро ба ҳамом гузашта буд. Баъд аз ҳамом баромодан устод намозашонро гузоштанд ва “ Обро ки дар онҷо гузошт?” гуфта пурсон шуданд. Абу Алӣ Фармодӣ (қ.с.) шояд ин амали кардаам шоистаи адаб набошад гуфта сукут карданд. Вақте, ки шайх се маротиба суолро такрор кард: “ман обро дар онҷо гузоштам” гуфт Абу Алӣ Фармодӣ (қ.с.). Устоз гуфтанд: “ Эй Абу Алӣ, он дараҷае, ки Абу-л Қосим дар давоми ҳафтод сол ба даст оварда натавонист, ту боши ба ду куза об ба даст овардӣ.”
Вафот ва қабри шарифашон
Моҳи Рабиъул аввали соли 477.ҳ (М.1084) дар сини 70 солагӣ аз олам гузаштанд. Қабри шарифашон дар ш. Тус ҷойгир аст.