Шашум ҳалқаи силсилаи содот Абу-л Ҳасан Ҳарқонӣ (қ.с.) олими барҷаста, ва қутби замони давраи худ ба шумор мерафт. Бо номи Алӣ бин Ҷаъфар ва тахаллуси Абу-л Ҳасан машҳур гардидааст. Дар Ҳарақон, ки яке аз навоҳии Бастом маҳсуб меёфт, ба дунё омад. Аз ин нисбат дар байни мардум бо номи Ҳарқонӣ хитоб мешуд. Дар баробари дастрас нагардидани ягон маълумоти аниқ доир ба санаи таваллудаш, соли 352.ҳ (М. 963) ба дунё омаданаш ривоят шуда аст.
Суханони муборакашон
“Дар дунё олимон ва зоҳидон зиёданд. Лекин бо ризогии худо сабоҳро шом, ва бо ризогии худо шабро саҳар кардан лозим аст. Яъне бардавом машғул шудан бо он чизе, ки ризои худованд дар уст.
“Ҳар касе муъминеро наранҷонида сабоҳро шом мекунад, ба манзалаи он аст, ки гуё аз саҳар то шом вақти худро бо ҳамроҳии расули худо (с.а.в.) гузаронида бошад. Агар касеро биранҷонад худованд ибодати он рузаи уро қабул нахоҳад кард.”
Вафот ва қабри шарифашон
Вақте, ки вафоташон наздик шуд муридонашро ба наздаш хонда чунин васият намуданд: қабри маро се арш чуқур биканед. “ инҷо аз шаҳри Бастом баландтар аст. Баланд будани қабри ман аз қабри устозам Абу Язиди Бастоми тарки адаб аст.”
Шайх Абу-л Ҳасан 10 муҳаррам 425 (М.1033) рузи шанбе дар сини 73 солагӣ аз олам гузашт.
Қабри шарифашон дар самти Қагизманкариси ш. Қарс мавҷуд мебошад. Ва ба ривояти дигаре қабри шарифашон дар Ҳарақон мебошад.