Бисту ҳаштум ҳалқаи силсилаи содот Абдуллоҳ Деҳлавӣ (қ.с.) соли 1158.ҳ (М. 1745) дар ноҳияи Тибола вилояти Панҷоби кишвари Ҳиндустон ба дунё омад. Насабашон ба ҳазрати Алӣ (р.а.) пайваст мегардад.
уханони муборакашон
“Дар фақр (камбизоатӣ) Ф-и фақа (нодорӣ); Қ-и қаноъат, Р-и риёзат мавҷуд мебошад. Ҳар касе ба таҳқиқ инро ба ҷо меорад, ба Ф-и фазли илоҳӣ; Қ-и қурбати илоҳӣ; ва Р-и раҳмати илоҳӣ ноил мегардад. Дар акси тақдир Ф-и фазиҳа (расвогӣ); Қ-и Қаҳр ва Р-и разил мавҷуд буда рух медиҳад.”
“рӯзе як чизи шубҳаноке хурдам. Шамсуддин Ҳабибуллоҳро дидам, ки қай карданамро амр карда аз ҳар ҷой хурок хурдан ҷоиз нест. Фармуданд.”
Беморӣ, вафот ва қабри шарифашон
Ҳангоме ки дар бистари марг бемории Абдуллоҳи Деҳлавӣ, ки ба бемории Бавосир (гемарой) дучор буданд шиддат мегирифт, аз Лекван ҳ. Абу Саъид ро барои ба ҷойи худ қоим шуданаш ба назди худ хонд. Абу Саъид дар ҳол тарки диёр намуда ба наздашон омаданд. Вақте ки Абу Саъид дар наздашон ҳозир шуданд аз барои иршоди умумӣ хилофатро ба ӯ доданд.
Ҳангоми дучанд шиддат гирифтани беморияшон, доимо давом кардани зикр, бо ахлоқи ҳамида будан, тақвият бахшидани нисбати маънавия, одоби муъошарат, дар муқобили тақдир: саволҳои ба монанди “чаро ин тавр шуд?” ва ё “ кош ин хел мешуд” ро ба забон наёвардан, дар якҷоягӣ бо ихвон (бародарон) ғайрат кардан, барои ибодат танҳогӣ, қаноъат, розигӣ, таслимият ва таваккулро тавсия мекарданд. Дар баробари шифоҳӣ анҷом доданӣ ин насиҳатҳо, амр мекарданд ки навишта гиранд.
22 Сафари соли 1240.ҳ (М. 1824) рӯзи душанбе дар вақти ишроқ бо суръат ба наздашон омадани ҳ. Абу Саъидро хостанд. Дар ҳоли пойҳои муборакашон ҷамъ нишаста ба Абу Саъид назар кард сарашро ба қафаси синаи эшон гузошта ҷон ба Ҳақ супурданд. Бадъ аз шӯстӯшӯ кафан карда намозашонро ҳ. Абу Саъид дар якҷоягӣ бо як ҷамоъати калон адо карда дар назди қабри устозашон Шамсуддин Ҳабибуллоҳ дафн карданд.