Насируддин Убайдуллоҳ Аҳрор Шошӣ Самарқандӣ бо номи Убайдуллоҳ Арор машҳур буда ҳаждаҳум ҳалқаи силсилаи содотро ташкил медиҳад. Падараш Хоҷа Муҳаммад, бобояш Хоҷа Шаҳобуддин мебошад. Хоҷа Убайдуллоҳ (қ.с.) моҳи Рамазони соли 806.ҳ (М. 1404) дар деҳаи Боғистони Тошкант ба дунё омад. Умар Боғистонӣ бобои модарияш буда, насабаш ба 16 восита то ба Абдуллоҳ бин Умари Хаттоб (р.ъанҳум) рафта мерасад.
Амакзодаи Хоҷа Убайдуллоҳ чунин ҳикоя мекунад: “Убайдуллоҳ (қ.с.) вақте, ки ба дунё омад то аз нифос ғусл карда тоза гардидани модарашон, чил руз шири модарро қабул накард.”
Суханони муборакашон
“Қимати шахс, ба миқдори шиносоияш бо ин Тоифаи Алийя(бузургони нақшбандия) мебошад.”
“Инсонҳо ба камол расиданро дар “анал ҳақ” медонанд. Ҳол он , ки расидан ба камол, бо ҳамроҳии аз забон дур сохтани “ана (ман)” ба миён меояд.”
Вафот ва қабри шарифашон
Хоҷа Убайдуллоҳ (қ.с.) соли 895.ҳ (М.1490) охиррин рузҳои моҳи Рабиъулаввал дар Камонгарон аз олам чашм пушид. Чуноне, ки умрашон 89 сол буд, муддати беморие, ки дар охири умр доштанд 89 руз буд.
Вақте, ки Султон Аҳмад Мирзо бемории Хоҷа Убайдуллоҳро шунид саҳари ҷумъа дар якҷоягӣ бо тамоми аркони давлат ба роҳ баромаданд. Бегоҳи рӯз ба Камонгарон расида охирин бор Хоҷа Убайдуллоҳро зиёрат намуданд. Хоҷа (қ.с.) шабонгоҳ ҷон ба Ҳақ супурданд. Султон Аҳмад Мирзо субҳдам барвақт тобути мубораки Ҳазратро б Самарқанд оварданд. Дар онҷо таҷҳиз ва такфин карда намози ҷанозаашонро хонданд ва дар маҳаллаи Кафшир дафн карданд. Қабри шарифашон алҳол дар Самарқанд ҷойгир аст.