Чордаҳум ҳалқаи силсилаи содот Сайид Амир Кулол (қ.с.) дар деҳаи Саҳури вилояти Бухоро ба дунё омад. Доир ба санаи таваллудашон ягон маълумоти аниқе дастрас нагардида аст. Кузагарӣ карда рузғорашро таъмин мекард. Аз ин рў дар байни мардум бо номи “Кулол” хитоб мешуд. Аз насли пайғамбар (с.а.в.) буда сайидзода мебошад. Номи падарашон Амир Ҳамза мебошад.
Модарашон ҳикоя мекунанд
“Вақте ки ўро дар шикам доштам, ҳаргоҳе як луқмаи шубҳанок аз гулуям мегузашт, тамоми баданамро як дарди пуршиддате фаро мегирифт. Вақте, ки ин ҳол якчанд маротиба такаррур кард, алакай фаҳмидам,ки ин тифл як тифли мустасност. Минбаъд дар ҳар як луқмаи хурдаам диққат сарф намуда ба умеди калон интизори ба дунё омаданаш гардидам.
Вафот ва қабри шарифашон
Сайид Амир Кулол (қ.с.) 8. Ҷамозиял аввли соли 772.ҳ (М. 1370) рӯзи панҷшанбе дар зодгоҳаш деҳаи Саҳур аз дунё гузашт. Алҳол қабри шарифашон дар деҳаи Баҳоуддин, ки дар наздикии Бухоро қарор дорад ҷойгир аст.