ХОҶА ОРИФ РЕВГАРӢ (Қ.С.)

Даҳум ҳалқаи силсилаи содот Хоҷа Ориф Ревгарӣ (қ.с.), ноҳияи Ревгари вилояти Бухоро ба дунё омад. Доир ба санаи таваллудашон ягон маълумоти аниқе дастрас нагардида аст.

Вафот ва қабри шарифашон

Баъд аз як умри тулонӣ Хоҷа ориф Ревгарӣ дар Ревгар вафот кард ва дар онҷо дафн гардид. Доир ба санаи вафоташон дар асарҳо ривоёти муҳталифе мавҷуданд. Дар асари “Орифнома” и Хоҷа, доир ба вафоташон чунин маълумоте ба назар мерасад: “ Вафоти Қутби замон Ориф Биллоҳ ба соли 634.ҳ (М. 1236) тақобул мекунад. Қабри шарифашон алҳол дар ноҳияи Шарифгони вилояти Бухоро мавҷуд аст.