ХОҶА МУҲАММАД БОҚӢ БИЛЛОҲ (Қ.С.)

Хоҷа Муҳаммад Боқӣ Биллоҳ бо тахаллуси Биранг машҳур буда, бисту дуюм ҳалқаи силсилаи содотро ташкил медиҳад. Хоҷа Муҳаммад Боқӣ Биллоҳ (қ.с.) соли 971.ҳ (М. 1563) дар Кобул ба дунё омад. Падараш Қозӣ Абдуссалом мебошад. Модараш аз насли ҳ. Ҳусайн буда саййида, қаноъаткор, ва доимо дар хизмати дарвешон буд.

Аҳволи муборакашон

Муҳаммад Боқӣ Биллоҳ (қ.с.) дар тоъоту ибодот бе ниҳоят ғайрати калон сарф мекард. Кам мехурд, кам мегуфт ва кам мехобид. Ҳар шаб баъд аз намози хуфтан то вақти таҳаҷҷуд қуръони азимушшан ро як маротиба хатм мекард ва баъдан то дамидани фаҷри содиқ бисту як маротиба ёсини шарифро мехонд. Аз дамидани фаҷри содиқ безор шуда чунин мегуфт: “Ё раб! Барои чи шабҳо ин қадар тез мегузаранд?”

Дар хурдани таъом бе ниҳоят эҳтиёт мекард. Агар ҳадияе бар вай меомад, аз рўи мутобиқат бо суннати сания ўро бар намегардонд аммо дар корҳои хусусии худ сарф намекард. Доимо бо таҳорат будани ошпаз ва дар вақти пухтани хурок бо каломи дунё машғул нашуданашро танбиҳ намуда мегуфтанд: “Аз хуроки ошпазе, ки ҳузур ва эҳтиёт надорад, як дуде мебарояд, ки дари файзро маҳкам месозад.” Бо амалҳои азимат ва авло буда ҳаракат мекарданд. Чуноне, ки аз корҳои шубҳанок дури меҷуст, аз корҳои зиёдатии мубоҳ низ дурӣ меҷуст.

Вафот ва қабри шарифашон

25. Рабиъулаввали соли 1012.ҳ (М. 1603) дар сини чил солагӣ аз олам гузаштанд .Дар Деҳли, ки он мавзеъ бо номи “Қадамгоҳ” машҳур буд, дафн гардиданд.

Қабрашонро аз ҳама муридони содиқашон тайёр намуданд. Лекин ҳангоми кашонидани тобут ғайри ихтиёрӣ тобутро ба дигар ҷой бурданд. Вақте, ки тобутро дар замин гузоштанд пештар ба инҷо омадани Муҳаммад Боқӣ Биллоҳ дар ёдашон омад. Муҳаммад Боқӣ Биллоҳ ин мавзеъро бисёр писандида дар ин мавзеъ ду ракъат намоз хонда буд. Хоки ин мавзеъ ба либосҳояшон халида буд. Аз ин ру Муҳаммад Боқӣ Биллоҳ (қ.с.) фармуданд: “Хоки ин мавзеъ аз либосам дошт.” Муридонаш ин сухани ўро ба ёд оварда қабри шарифашонро дар ин мавзеъ тайёр намуданд.