ХОҶА МУҲАММАД БОБО САМОСӢ (Қ.С.)

Сездаҳум ҳалқаи силсилаи содот Хоҷа Муҳаммад Бобо Самомӣ (қ.с.) дар деҳаи Самос, ки дар байни Бухоро ва Ромитан қарор дошт, ба дунё омад. Санаи таваллудашон маълум нест.
Тамоми илмҳои ақлӣ ва нақлӣ ро аз худ карда ба камоли илм расиданд. Баъдан дар суҳбати Хоҷа Алӣ Ромитанӣ (қ.с.) иштирок намуда дар зери тарбияи маънавии ў ба воя расиданд. Хоҷа Алӣ Ромитанӣ (қ.с.) пеш аз марг ба ў вазифаи иршодро таслим намуда ўро халифаи худ интихоб карда Ба талабагони худ васият кард, ки ба вай тобеъ шаванд.

Вафот ва қабри шарифашон

Хоҷа Муҳаммад Бобо Самомӣ (қ.с.) соли 755.ҳ (М. 1354) дар ватанашон Самос аз олам чашм пушида дар онҷо дафн гардиданд. Қабри шарифашон дар деҳаи Даҷҳаи ноҳияи Ромитани вилояти Бухоро қарор дорад.