ХОҶА МУҲАММАД БАҲОУДДИНИ НАҚШБАНД (Қ.С.)

Понздаҳум ҳалқаи силсилаи содот Хоҷа Муҳаммад Баҳоуддини Нақшбанд (қ.с.) соли 718.ҳ (М. 1318) дар деҳаи Қасри Орифон, ки дар наздикии Бухоро ҷойгир буд ба дунё омад. Номи пурраашон Муҳаммад бин Муҳаммад Баҳоуддин Шоҳи Нақшбанд ал-Увайсӣ ал-Бухорӣ мебошад. Сайидзода аст; насаби шарифашон ба воситаи Имом Ҷаъфари Содиқ ба ҳ. Алӣ (р.а.) рафта мерасад. Тахаллусашон “Балогардон” мебошад.

Таҳсил, интисоб ва фаъолияти иршодии Шоҳи Нақшбанд

Алакай дар аёми хурдсолӣ Хоҷа Муҳаммад Бобо Самосӣ (қ.с.) ўро ҳамчун фарзанди маънавӣ қабул кард. Шоҳи Нақшбанд усул ва одоби ин роҳро зоҳиран аз Хоҷа Сайид Амир Кулол (қ.с.) омухта аст. Лекин Шоҳи Нақшбанд (қ.с.) дар ботин ва ҳақиқат “Увайсӣ” буда дар тарбияи руҳонияти Хоҷа Абдулхолиқи Ғиҷдувонӣ ба камол расидааст.

Шоҳи Нақшбанд (қ.с.) ҳанафӣ мазҳаб аст. Дар силсилаи Хоҷагон аз Хоҷа Маҳмуд Инҷифағвонӣ (қ.с.) сар карда то Сайид Амир Кулол (қ.с.) ҳам зикри хафии қалбӣ ҳам зикри ҷаҳрӣ дар якҷоягӣ иҷро мешуд. Онҳо дар ин силсила бо номи “Алонийюн” машҳур буданд.

Ҳ. Шоҳи Нақшбанд ба руҳонияти Абдулхолиқи Ғиҷдувонӣ интисоб намуда бо иҷозат ва рухсати ў зикри алония ро тамоман тарк кард ва ба зикри хафии қалбӣ машғул гардид.

Зикри хафӣ дар қалби муридон бе ниҳоят тасири зиёде пайдо кард. Бинобар нақш гардидани ин зикр дар дили муридон, Имом бо тахаллуси “Нақшбанд” овозадор гардид.

Ба ривояти дигаре падари Шоҳи Нақшбанд (қ.с.) наққош буд. Дар сини хурдсолӣ аз падараш ин касбро омухт. Баъдан ба тариқи илҳом хитоб шуд, ки “Ту барои ин кор офарида нашудаи ва бо ин кор амр нагардидаӣ”. Имом шоҳи Нақшбанд (қ.с.) дарҳол нақши зоҳирӣ ро тарк намуда ба нақши ҳақиқӣ машғул шуд. Аз ин хотир тахаллуси “Нақшбанд” ро касб кард. Ба хотири дар дили муридонаш нақш намудани муҳаббати худо низ соҳиби ин тахаллус гардиданашон ривоят шуда аст.

Мансубони Шоҳи Нақшбанд бо номи Нақшбандӣ маъруфанд. Ва ин тариқатро Тариқати Нақшбандия меноманд.

Ҳ. Амир Кулол (қ.с.) дар назди муридонаш ба Имом таваҷҷуҳ карда ин суханонро сарф карданд:

“Писарам Баҳоуддин! Он амре, ки Хоҷа Муҳаммад Бобо Самосӣ (қ.с.) дар ҳаққи ту ба ман дода буд, ба ҷо овардам. Ба ман чунин фармуда буданд: “Чуноне, ки туро тарбия намудам ту низ писарам Баҳоуддин ро чунин тарбия намо. Дар ин хусус асло тақсире накун.” Ман низ мутобиқ ба фармудаашон кардам.” Ба садри мубораки худ ишора намуда фармуданд:

“Барои ту садрамро хушк кардам…..”

Суханони муборакашон

Шоҳи Нақшбанд (қ.с.) ҳадиси мубораки расули худоро (с.а.в.), ки ҳадис ин аст: “Он амале, ки дар байни инсонҳо ба ҷо оварданашро нодуруст мебинӣ, дар танҳои низ аз ў амал даст бикаш!” чунин шарҳ доданд: “Солики Ҳақ ҷойи танҳоӣ ва пинҳониро пур бояд дид. Чи гунае, ки дар назди инсонҳо ҳаракат мекунад, дар танҳои низ ҳамон гуна ҳаракат бояд кард.”

“Роҳи мо нодиртарин роҳ аст. Ҳалқаи мустаҳкам аст. Ба ғайр аз иттибоъи суннати санийя ва тобеъияти асҳоби киром, чизи дигаре нест.”

“Агар айби дустонамонро ҷустуҷу кунем, бе дуст хоҳем монд.”

Вафот ва қабри шарифашон

Ҳазрати Хоҷа Алоуддини Аттор (қ.с.) ҳикоя мекунад: “ Пеш аз ҷон ба ҳақ супурдани Хоҷа дар наздашон нишаста ба қироати Ёсин шуруъ кардам. Алакай ним карда будам, ки нур зоҳир шуд. Баъд аз машғулият ба калимаи тавҳид охирин нафасашонро доданд.”

Ҳазрати Шоҳи Нақшбанд (қ.с.) дар зодгоҳашон деҳаи Қасри Ҳиндувон 3. Рабиъул аввал соли 791.ҳ (М. 1389) рузи душанбе аз олам гузаштанд, ва дар онҷо дафн гардиданд. Дар вақти вафоташон 74 сола буданд. Қабри шарифашон алҳол дар деҳаи Баҳоуддини вилояти Бухоро мавҷуд аст.