ХОҶА МАВЛОНО ЯЪҚУБИ ЧАРХӢ (Қ.С.)

Ҳабдаҳум ҳалқаи силсилаи содот Хоҷа Мавлоно Яъқуби Чархӣ (қ.с.) дар деҳаи Чархи ш. Ғазна ба дунё омад. Номи падараш Усмон мебошад. Доир ба санаи таваллудашон маълумоти аниқе дастрас нагардида аст.

Агар мурид луқмаи ҳаром бихурад

Мавлоно Яъқуби Чархи (қ.с.) ҳикоя мекунад: “Дар Ҳирот таҳсили илм мекардам. Дар даргоҳи Абдуллоҳи Ансорӣ (қ.с.) меистодам ва хурокамро дар онҷо мехурдам. Дар Ҳирот ба ғайр аз мадрасаҳои Хонгоҳи Малик ва Ғиёсия, ки аз Абдуллоҳ Ансорӣ буданд, дар дигар ҷой таъом хурдан муносиб набуд. Аз ин сабаб бузургони Мовароуннаҳр муридонашонро ба Ҳирот равон намекарданд. Дар онҷо луқмаи ҳалол ёфтан бе ниҳоят мушкил буд. Мурид луқмаи ҳаром истеъмол кунад нафс, ба асли ношоистаи худ бармегардад ва аз роҳи расулуллоҳ (с.а.в.) ва асҳоб берун мебарояд.”

Вафот ва қабри шарифашон

Хоҷа Мавлоно Яъқуби Чархӣ (қ.с.) соли 851.ҳ (М. 1447) дар деҳаи Халфату вз олам чашм пушиданд, ва дар онҷо дафн гардиданд. Қабри шарифашон алҳол дар пойтахти Тоҷикистон ш. Душанбе қарор дорад.