Дувоздаҳум ҳалқаи силсилаи содот Хоҷа Алӣ Ромитанӣ дар ноҳияи Ромитани вилояти Бухоро ба дунё омад. Бо тахаллуси Азизон машҳур гардида аст. Алӣ Ромитанӣ (қ.с.) аз сабаби оне, ки касби бофандагиро ихтиёр дошт бо тахаллуси Хоҷа Нассоҷ низ шуҳрат ёфта буд. Баъд аз таҳсил кардани илмҳои динӣ ба ҳ. Маҳмуд Инҷирфағвонӣ (қ.с.) интисоб намуд. Устодаш Инҷирфағвонӣ (қ.с.) пеш аз марг вазифаи иршодро ба ў таслим кард, ва тамоми шогирдонашро низ бар вай амонат гузошт.
Суханони муборакашон
“Барои ба мартабаи баланд расидани мурид, ба ғайр аз риёзот ва муҷоҳада, роҳи дигаре низ мавҷуд аст. Ба воситаи ин роҳ бо суръат ба мақсад метавон расид. Роҳ ин аст: Бо ахлоқи ҳамида ва ё хизмати шоиста, дар дили муршиди комил ҷо шудан аст. Зеро қалби ин Тоифаи Алийя, назаргоҳи илоҳист. Ҳарон кас, ки дар онҷо қарор дорад албатта мушарраф ба назари илоҳӣ мегардад.”
“Инсон дар баробари бардавом амал карданаш, ҳамеша бояд дар чунон фикр бошад, ки гўё амале ба ҷо наоварда аст, ва аз пайи амалҳои нав бишитобад.”
“Дар ду ҳолат худро муҳофизат кунед: Дар ҳоли сухан гуфтан, ва дар ҳоли таъом хурдан.”
Вафот ва қабри шарифашон
Ҳазрати Хоҷа Азизон моҳи Зилқаъдаи соли 721.ҳ (М. 1321) дар сини 130 солагӣ аз олам чашм пушиданд. Қабри шарифашон дар деҳаи Даҷҳаи ноҳияи Ромитани вилояти Бухоро қарор дорад. Дарахти туғе, ки дар назди қабрашон буд ҳолан мавҷуд мебошад.