Муҳаммад бин Муҳаммад ал-Бухорӣ Хоҷа Алоуддини Аттор (қ.с.) шонздаҳум ҳалқаи силсилаи содотро ташкил медиҳад. Аслан аз Хоразм мебошад. Падараш Хоҷа Муҳаммад соҳиби се фарзанд буд: Хоҷа Шаҳобуддин, Хоҷа Муборак ва Хоҷа Алоуддин. Хоҷа Алоуддин баъд аз вафоти падар ҳақи меросияшро ба бародаронаш гузошт. Дар мадрасаҳои Бухоро таҳсили илм намуда тамоми илмҳоро аз худ кард.
Суханони муборакашон
“Касе бо роҳи тақлид ба ин роҳ дохил мешавад, кафолат медиҳам, ки рӯзу ба ҳақиқат мерасад. Устодам Баҳоуддин Бухорӣ ба ман амр карданд, ки уро тақлид кунам. Дар ҳар хусусе, ки уро тақлид кардам ва карда истодаам, таъсир ва натиҷаи уро дида истодаам.”
“Ҳ.Шоҳи Нақшбанд доимо чунин мефармуданд: “Ибодат даҳ қисм аст, нуҳ қисми он талаб кардани ҳалол аст.” Алоуддин Аттор (қ.с.) “Дар ин замон аз ҳама наздиктарин чиз ба ҳалол баъд аз тиҷорат зироъат аст.” фармуданд.
“Бардавом иштирок кардан дар суҳбати Аҳлуллоҳ, сабаби зиёда гаштани ақли маъод аст.”
Вафот ва қабри шарифашон
Хоҷа Алоуддин Аттор (қ.с.) понздаҳ руз пеш аз дучор шуданашон ба беморӣ, аз сафари охират ва дунё мегуфтанд ва мефармуданд, ки “Ман сафари охиратро инихоб кардам ва ҳаргиз аз у намегардам.” 2 Раҷаби соли 802.ҳ (М.1400) рӯзи панҷшанбе ба бемории пуршиддати дарди сар ва миён дучор гардиданд.
Ҳангоме, ки беморияшон шиддат мегирифт, такрор ба такрор “ Ҳал мин мазид, Ҳал мин мазид” мегуфтанд, ва бо устозашон Шоҳи Нақшбанд (қ.с.) ҳамсуҳбат мешуданд.
20. Раҷаби соли 802.ҳ (М.1400) шаби чоршанбе баъд аз намози хуфтан аз олам даргузаштанд. Қабри шарифашон дар ш. Данов, вилояти Сурхондарёи кишвари Узбекистон ҷойгир аст.