Чаҳорум халифаи Юсуфи Ҳамадонӣ (қ.с.), яке аз пешвоёни табақаи Хоҷагон, раиси Силсилаи Нақшбандия, Хоҷа Абдул Холиқи Ғиҷдувонӣ нуҳумин ҳалқаи силсилаи содотро ташкил медиҳад.
Дар баробари дастрас нагардидани ягон маълумоти аниқ доир ба санаи таваллудашон Хоҷа Абдул Холиқ (қ.с.) ба масофаи 50 км дуртар аз Бухоро дар ноҳияи Ғиҷдувон ба дунё омад. Падараш Имом Абдулҷамил яке аз наберагони Имоми Молик ба шумор меравад. Имоми Абдулҷамил Яке аз олимони пешвои давраи худ буда дар илмҳои зоҳир ва ботин ба камол расида буд. Завҷаи имом Абдулҷамил духтари яке аз подшоҳони Рум буд. Ба сабаби ба амал омадани баъзе воқеъаҳо дар Рум ва Шом, Имом Абдулҷамил дар якҷоягӣ бо тамоми хешовандонашон ба Мовароунаҳр ҳиҷрат намуданд. Ба Бухоро омада дар Ғиҷдувон ҷойгир шуданд.
Имоми Бдулҷамил бо Хизр ъ. салом алоқаи маънавии бародарӣ доштанд. Рузе Хизр ъ. салом ба Имом мужда доданд, ки аз вай фарзанде ба дунё меояд. Ва тавсия карданд, ки номашро Абдулхолиқ гузорад. Баъд аз ҷойгир шудан ба Ғиҷдувон Абдулхолиқи Ғиҷдувонӣ ба дунё омад. Дар Ғиҷдувон ба воя рвсида таҳсили ибтидоии худро дар Бухоро шуруъ кард.
Дуъо баъд аз намози фарз
Рузе ба наздашон шахсе аз роҳи дур омад.
“Эй Хоҷа! Барои ба имон аз дунё гузаштанам дуъо бифармо то аз васвасаи шайтон раҳо ёбем.” гуфт. Ҳазрати Хоҷа Абдулхолиқ фармуданд: “Худованд ҳарон дуъое, ки баъд аз адои намози фарз ба ҷо оварда мешавад, рад намекунад. Ту, низ баъд аз намози фарз ба мо дуъо кун, мо низ баъд аз намози фарз ба ту дуъо кунем. Агар ба якдигар чунин дуъо кунем, асари қабул шудани дуъо дар мо заҳир хоҳад гашт. Мувафақият танҳо аз ҷониби худост.”
Дастуроти Тариқати Нақшбандия
Ин ҳашт асос аз дастуроти муқаддаси Тариқати Нақшбандия ба шумор меравад:
Ҳуш дар дам, Назар бар қадам, Сафар дар ватан, Халват дар анҷуман, Ёдкард, Бозгашт, Нигоҳдошт, Ёддошт.
Се асоси дигаре низ мавҷуданд, ки аз дастуроти ин Тоифаи Алийя маҳсуб меёбанд: Вуқуфи замонӣ, Вуқуфи абадӣ, Вуқуфи қалбӣ.
Ҳамагӣ ёздаҳ асос мебошад.
Вафот ва қабри шарифашон
Хоҷа Абдулхолиқи Ғиҷдувонӣ (қ.с.), соли 575.ҳ (М. 1180) дар Ғиҷдувон аз олам гузаштанд, ва дар онҷо дафн гардиданд.
Баъд аз вафоташон бо ибораи “Маҳбуби Набии Муҷтабо” ёд мешуданд. Қабри шарифашон алҳол дар Ғиҷдувон,ки дар канори шоҳроҳи Самарқанду Бухоро мебошад, ҷойгир аст.