СУЛАЙМОН ҲИЛМИ ТУНАХОН (Қ.С.)

Ҳазрати Сулаймон Ҳилмӣ Тунахон қуддиса сирруҳ дар соли 1888 (1305 ҳиҷрӣ/ 1304 румӣ) дар деҳаи Ферҳатлар (имрӯз шаҳри Разград), қасабаи Ҳазергради Силистра, ки дар замони мо дар дохили ҳудуди Булғористон ҷойгир аст, ба дунё омад. Падараш Ҷаноби Хоҷазода Усмон Февзӣ (1845-1928) таҳсили худро дар Истанбул анҷом дода, дар Силистра дар мадрасаҳои Сатирлӣ ва Ҳоҷӣ Аҳмед Паша чандин сол мударрисӣ кардааст, ва як дарсиоми машҳур мебошад. Модараш Хадиҷа Хонум аст. Бобояш Ҷаноби Маҳмуд бошад як шахсе мебошад, ки бо номи Каймак Ҳофиз машҳур буда, тақрибан дар синни 110 солагӣ вафот кардааст.

Ҷадди ин оилаи асил бо номи Хоҷазодаҳо машҳур буда, ба Ҷаноби Сайид Идрис мерасад, Ҷаноби Идрис шахсе мебошад, ки Фотеҳ Султон Маҳмад Хон ба ӯ унвони Туна Хонро насб карда, илова бар ин хоҳари худро ба ҳамсарии ӯ додааст.

Ҷаноби Ҳазрати Сулаймон ба мисли падараш лақаби Хоҷазодаро истифода бурда, ҳамзамон бо қабули Қонуни насаб, насаби “Тунахон”-ро гирифт ва аз сабаби он, ки писари якумаш Форуқ ном дошта, дар синни хурдсолӣ вафот карда буд, ӯро бо кунияи “Абул-Форуқ” мешиносанд.

Падараш Ҷаноби Усмон вақте ки дар Истанбул таҳсил мекард, як хоби (рӯъёи) шоёни диққатро мебинад. Дар рӯъёяш мебинад, ки як порча аз баданаш ҷудо шуда ба осмон мебарояд ва ба рӯи дунё рӯшноӣ меандозад, ва ин рӯъёи худро дар шакли “аз сулбаш як фарзанд ба вуҷуд омада, дунёро аз лиҳози маънавӣ равшан месозад” таъбир менамояд.

Ба Силистра баргашта издивоҷ мекунад. Аз байни чор писараш, ки бо номҳои Фаҳим, Сулаймон Ҳилмӣ, Иброҳим ва Халил ба дунё омаданд, истеъдоди ба таъбири рӯъёяш мувофиқро дар Сулаймон Ҳилмӣ мебинад. Барои тарбият ёфтани ӯ диққати махсус медиҳад.

Ҷаноби Ҳазрати Сулаймон (қ.с.) таҳсили якуми худро дар соли 1902 (1318 румӣ) дар Мактаби Рушдияи Силистра тамом мекунад. Дар ҳамон сол дар Мадрасаи Сатирлии шаҳри Силистра таҳсилро оғоз намуда, дар ин ҷо илмҳои асосии арабиро меомӯзад. Баъд аз он барои ба охир расонидани таҳсил падараш ӯро дар соли 1907 ба Истанбул мефиристад. Ҳангоми ба Истанбул фиристодан падараш ба ӯ чунин тавсия медиҳад:

“Писарам, агар илми Усули фиқҳро хуб аз худ намоӣ, дар дини худ қавӣ мешавӣ. Агар илми Мантиқро хуб аз худ намоӣ, дар илми худ қавӣ мешавӣ.”

Ҷаноби Ҳазрати Сулаймон дар Истанбул таҳсили худро дар ҳалқаи дарси яке дарсиомҳои Фотеҳ ва олимони машҳури он замон Ҷаноби Бафрали Аҳмед Ҳамдӣ идома медиҳад. Дар ин солҳо боз дар Мадрасаи Ҳофиз Аҳмед Паша, ки дар Фотеҳ ҷойгир буд, иқомат мекунад. Дарсҳояшро бошад дар яке аз Мадрасаҳои Фотеҳ бо номи (Саҳни Самон) Баҳри Сафед Чифте Баш Куршунлу мехонад. Ҳамаи дарсҳоро аз Ҷаноби Аҳмед Ҳамдӣ аз худ намуда, дар соли 1913 аввалин шуда иҷозат мегирад.

Дар моҳи октябри соли 1914 (Tишриниаввали соли 1330) ба Қисми Олии Мадрасаи Дорул-Хилофатил-Олия, ки он замон ба тадрис оғоз намуда буд, номнавис шуда, синфҳои якум ва дуюмро бо имтиҳон мегузарад, ва таҳсили худро аз синфи сеюм оғоз менамояд. Ин ҷоро дар соли 1916 (сентябри 1332) хатм мекунад. (Ҳангоми таҳсил дар синфҳои сеюм ва чорум номи Қисми Олии чорсола, ки дар Мадрасаҳои Фотеҳ фаъолият мекард, дар соли 1917 ба номи Саҳн тағйир дода шуд.)

Дар 30 сентябри соли 1916 барои гирифтани ихтисос (докторӣ) ба шӯъбаи Тафсир ва Ҳадиси Мадрасатул-Мутахассисин, ки давраи таҳсилиаш сесола буд, номнавис мешавад. (Дар соли 1917 номи Мадрасаи Мутахассисин, ки дар Мадрасаи Абдулҳомиди Аввали назди Масҷиди Явуз Султон Салим дар Фотеҳ фаъолият мекард, ба “Мадрасаи Сулаймония” тағйир дода шуд.)

Пас аз он, ки ду соли аввалро бо муваффақият тамом кард, дар соли 1918 (1334) якҷоя бо бист дӯсташ ба онҳо мақоми Шайхулислом пешниҳод карда мешавад, ва тавассути иродаи санийяи Подшоҳ Меҳмед Ваҳидуддин Хон Рууси Мударрисии Истанбул дода мешавад ва ӯ дарсиом мешавад. Ҷаноби Ҳазрати Сулаймон, дар санаи 27 майи соли 1919 аз шӯъбаи Тафсир ва Ҳадиси Мадрасаи Сулаймонияро (Мадрасатул-Мутахассисин) бо дараҷаи якум хатм мекунад.

Пеш аз дохил шудан ба Мадрасатул-Мутахассисин дар имтиҳоноти дохилшавии Мадрасатул-Қузот (Факултаи Ҳуқуқ) ҳам ҷои якумро касб менамояд. Аммо вақте ки инро бо як хурсандии беандоза ба падараш бо мактуб хабар медиҳад, чунин як телеграф дарёфт менамояд:

“Сулаймон, ман туро чун гусел ба чаханнам ба Истанбул нафиристодам.”

Падарашон бо ин телеграф ба он кас Ҳадиси Шарифи Ҳазрати Муҳаммад (с.а.в) “Аз се қозӣ дутояш дар ҷаҳаннам аст”-ро ёдоварӣ менамоянд.

Ҷаноби Ҳазрати Сулаймон (қ.с.) дар ҷавоби худ ба падараш мегӯяд, ки “Ҳеҷ гоҳ нияти машғул шудан бо касби қозигӣ (доварӣ)-ро надорад, ва мақсади ӯ дар соҳаи илмҳои динии зоҳирӣ ба камол расидан аст”. Сипас дипломи худро аз шӯъбаи Тафсир ва Ҳадиси Мадрасаи Сулаймония гирифта, Дарсиом мешавад, ва баъд аз хатми давраи таҳсилии 4 сола дар Мадрасатул-Қузот рутбаи қозигиро ҳам дарёфт менамояд. Ҳамин тавр дар илмҳои ақлӣ ва нақлии замони худ ба дараҷаи олӣ мерасад.

Аз сабаби он, ки бо Тақдири азалӣ ҳалқаи 33-юм ва охирини Силсилаи Содот насибашон гашта буд, ҳалқаи 32-юми Занҷири Сайидҳо баъд аз тамом шудан ба сайру сулуки маънавии Ҳазрати Салоҳуддин Ибни Мавлоно Сироҷуддин (қ.с.), аз сабаби бузургии таҷаллиёташ Ҳазрати Салоҳуддин худро ба нисбати рӯҳонии Имоми Раббонӣ Муҷаддиди Алфи Сонӣ Аҳмади Форуқӣ ас-Сарҳандӣ (қ.с) таслим карданд.

Бо ҳиммати волои инсонҳое, ки дар ин замонҳои охири дунё аз файзи илоҳӣ насиб бурдаанд, одамонро аз чуқурии куфру зиллат ба сӯи имон ва ихлос бароварданд, ва ҳоло ҳам бароварда истодаанд.

Ҷаноби Ҳазрати Сулаймон Ҳилмӣ Тунахон (қ.с.) дар санаи 16 сентябри соли 1959 (12 рабиулаввали соли 1379 ҳиҷрӣ) дар рӯзи чоршанбе пас аз намози аср дар хонааш дар Кисиклӣ ба дори бақо реҳлат намуданд (қаддасаллоҳу сирраҳул-аъоз). Аммо тасарруф ва камолоти ешон то ҳол давом дода истодааст.

Ҷаноби Ҳақ дӯстдоронаш ва ҳамаи муъминонро ба шафоати ӯ ноил гардонад.