Дуюмин ҳалқаи силсилаи содот Салмони Форисӣ (р.а.) яке аз бузургон ва машҳурон дар байни асҳоби киром ба шумор мерафт. Ба шарофати суҳбати Набӣ (с.а.в.) ба баландтарин мартабаи камол расида буд. Ба ҳ. Абубакр (р.а.) як нисбати хусуие дошт.
Аслан эронитабор буда дар ноҳияи Ҷай, ки дар наздикии Исфаҳон қарор дошт ба дунё омад. Дар айёми ҷавонӣ маҷусӣ буд. Баъдан бо яке аз роҳибони насронӣ шиносои пайдо карда дини насронӣ ро қпбул кард. Дар охир ба Мадинаи Мунаввара омада мусулмон шуд, ва аз Аҳли Байт маҳсуб гардид. Қабл аз мусулмон шуданаш номаш Мобаҳ буд. Баъд аз қабули исломият паёмбари худо (с.а.в.) ба ў “Салмон” номгузорӣ карда уро бо Дардо (р.а.) бародар хонданд.
Суханони муборакашон
“ се чизе ҳаст ҳамавақт маро ба ханда меорад, ва се чизи дигаре ҳаст, ки маро ҳар доим гирён месозад:
Се чизе, маро ба ҳанда меорад; якумаш шахсест, ки марг ўро дунболагирӣ дорад ва ў аз пайи дунё медавад. Дуюм шахсе, ки дар пеш рузи ҷазо ўро интизораст ва ў дар ғафлат аст. Сеюм шахсе, ки қаҳқаҳа мезанад ва намедонад, ки ин амали ў боиси ғазаби худост ё шоистаи раҳмати ў.
Ва се чизи дигаре, ки маро ба гиря меорад; аз асҳоби расул ҷудо мондан, тарсидан баъд аз ҳашр, лоиқ ба Ҷаннат будан ё набудани худро надониста дар ҳузури худованд интизор будан.”
Вафот ва қабри шарифашон
Ҳазрати Салмони Форисӣ (р.а.) бисёр умри тулонӣ доштанд. Дар замони хилофати ҳ. Усмон ба беморӣ дучор гардида, соли 33 ҳ (М. 654) дар сини 250 солагӣ дар Мадоин аз олам чашм пушиданд.
Дар давраи ҳукмронии Усмониҳо, ки барояшон Салмони Форисӣ аҳамияти зиёде арз мекард, аз тарафи яке аз подшоҳони он давра Муродхони чор мақбараи калоне иншо гардид. Бо мурури замон вилояте, ки дар атрофи ин мақбара ҷойгир буд Салмони Пок ном гирифт.
Алҳол қабри шарифашон, дар ноҳияи Мадоин ш. Бағдод кишвари Ироқ ҷойгир аст.