МАВЛОНО МУҲАММАД ХОҶАИ АМКАНГӢ (Қ.С.)

Бисту якум ҳалқаи силсилаи содот Мавлоно Муҳаммад Хоҷаи Амкангӣ ас-Самарқандӣ (қ.с.) писари Хоҷа Муҳаммад Дарвеш мебошад. Номаш Абду л-Боқӣ буда соли 918.ҳ (М. 1512) ба дунё омадааст. Ба сабаби дар Амканг зизтанаш нисбат ба ҳамонҷо бо номи Амкангӣ маъруф аст.

Вафот ва қабри шарифашон

Мавлоно Муҳаммад Хоҷаи Амкангӣ (қ.с.) соли 1010.ҳ (М. 1602) дар сини 90 солагӣ дар деҳаи Амканг аз олам гузашт ва дар онҷо дафн гардид. Қабри шарифашон алҳол дар деҳаи Сариосё и вилояти Сурхондарё мавҷуд мебошад.