Чаҳорум ҳалқаи силсилаи содот Ҷаъфари Содиқ (р.а.) 8. Рамазони соли 80 ҳ (М. 699) дар Мадинаи Мунаввара ба дунё омад. Имом Фаъфари Содиқ аз ҷумлаи Аҳли Байт буда, бинобар садоқати зиёд дар рафтору кирдорашон бо тахаллуси “содиқ” машҳур гардидааст. Тахаллуси дигари имом Абу Абдуллоҳ ва Абу Исмоил мебошад.
Насабашон аз ҷиҳати модар ба ҳазрати Али (р.а.) мепайвандад. Таъаллуқашон ба ҳ. Алӣ (р.а.) чунин аст. Падараш Муҳаммад Бакир, падари ў Алӣ Зайналобидин, падари вай ҳ. Ҳусайн ибни Алӣ (р. ъанзум) мебошад.
Аз ҷиҳати модарашон Умму Фавра насабашон ба ҳ. Абубакр (р.а.) рафта мерасад. Бобои модарияшон ҳ. Муҳаммад бин Қосим, набераи ҳ. Абубакр (р.а.) мебошад.
Ҳ. Ҷаъфари Содиқ аз ҷумлаи тобиъин буда, аз саҳобагон ҳ. Анас бин Молик ва Саъд бин Саҳл (р. ъанҳум) ро ба чашми ҳаёт дидааст.
Имоми Аъзам Нуъмон бин Собит дар ду соли охири умри худ ба Ҷаъфари Содиқ интисоб намуда, “ Агар ду соли охири умр намебуд, албатта Нуъмон ҳалок мегардид.” гуфтаанд.
Суханони муборакашон
“ Намоз наздик шудани бандаи бо тақво ба парвардигор аст.
Ҳаҷ, ҷиҳоди заъифон аст.
Руза, закоти бадан аст.
Дуъои бе амал ба монанди найзаи бе шуъост.
Шахси бо иқтисод ҳаргиз муҳтоҷ намегардад.
Тадбир, ними ҳаёт аст.
Дустӣ, ними ақл аст.
Ранҷондани волидайн, исёнкорист.
Носабурӣ кардан дар мусибат, аз даст додани аҷр аст.
Ҳ. Аллоҳ сабрро ба миқдори мусибат, ризқро бошад ба миқдори меҳнат ато мекунад.
Вафот ва қабри шарифашон
Ҳ. Ҷаъфари Содиқ моҳи шавволи соли 148 ҳ (М. 765) дар сини 68 солагӣ дар Мадинаи Мунаввара аз олам чашм пушид. Дар қабристони Боқӣ, ки падараш низ дар онҷо мадфун аст, ба хок супурда шуд.