ИМОМИ РАББОНӢ МУҶАДДИДИ АЛФИ СОНӢ АҲМАД ФОРУҚИ САРҲАНДӢ (Қ.С.)

Бисту сеюм ҳалқаи Алийя и Нақшбандия Имоми Раббонӣ (қ.с.) соли 971.ҳ (М. 1564) рӯзи Ошуро дар шаҳри Сарҳанди кишвари Ҳиндустон ба дунё омад. Номаш Аҳмад, номи падараш Абдул Аҳад, номи бобояш Зайналобидин мебошад. Бо тахаллуси Бадруддин ва куняи Абу-л Баракот маъруф ва машҳур гардида аст. Наслаш дар 28. батн ба ҳазрати Умар (р.а.) пайваст мегардад.

Ҳ. Муҳаммад Боқӣ Биллоҳ уро “Имоми Раббонӣ” номгузорӣ кард ва бо ин ном шинохта мешавад. Аз сабаби оне, ки муҷаддид (навкунанда) и дуюумин ҳазорсолаи ҳиҷри ба шумор меравад, аввалин маротиба яке аз олимони Ҳиндустон Абдулҳаким Саялқутӣ уро бо номи “Муҷаддиди Алфи Сонӣ” тавсиф намуда аст. Барои аҳкоми исломия ва тасаввуфро якҷоя карданаш тахаллуси “Сила” (якҷоякунанда) ро низ касб намуда аст. Ба сабаби аз насли Умар (р.а.) буданашон “Форуқӣ” ва аз шаҳри Сарҳанд буданашон “Сарҳандӣ” гуфта хитоб мешаванд. Дар баробари тамоми ин васфҳо номашон Имоми Раббонӣ Муҷаддиди Алфи Сонӣ Шайх Аҳмад Форуқи Сарҳандӣ буда Ҳанафӣ мазҳаб мебошад.

Суханони муборакашон

“Тамоми он муридоне, ки то рузи қиёмат ба силсилаи мо дохил мешаванд, худованд номҳояшонро бар мо омӯхт. Ин нисбати ман дорам то рузи қиёмат ба воситаи муридонам давом хоҳад кард. Имом Маҳдӣ низ аз ин нисбати шарифа ба миён хоҳад омад.”

“Ҳар касе ба ин тариқат дохил мешаваду одобро риъоят намекунад, бидъатҳо ҷорӣ мекунад, дар ин роҳ бисёр чиз аз даст медиҳад ва оқибаташ хусрон мегардад.”

“Ба ман чунин таълим дода шуд: Он хусусият ва камолоте, ки бар ту дода шуд то замони Маҳдӣ каси дигаре ба он ноил нахоҳад гашт.”

“Касе ба дараҷае расида бошад, ки дар ҳаво парвоз кунад, ва дар руи об қадам занад, агар яке аз мустаҳабботро тарк кунад, дар ин тоифа миқдори як зарра қимат нахоҳад дошт.”

Аз Мактуботи Имоми Раббонӣ Намоз бо хушуъ

“Муъмин намозро, ки меъроҷи уст, баъд аз як таҳорати пурра ва обдасти комил ният бояд кунад.

Эҳтимом нишон додан дар бо ҷамоъат хондани фарзҳо, ва дар баробари имом шурўъ кардани такбири ифтитоҳро тарк накардан лозим аст. Казо намозҳоро дар вақти мустаҳаб буда хондан ва дар қироъат миқдори суннатӣ ро риъоят кардан лозим аст.

Дар рукуъ ва суҷуд таъдили аркон (сукунат ёфтани тамоми аъзо) дар сурати муҳаққақ лозим аст… дар қавма (рост истодан баъд аз рукуъ) дар шакле, ки ҳар аъзо ба ҷои худ гашта қарор мегирад , хеста рост гардидан, чуноне, ки дар қавма зикр кардем ба монанди сукунат ёфтани тамоми аъзо, дар байни ду саҷда низ риъоят кардани таъдили аркон лозим аст…

Тасбиҳоти рукуъ ва саҷда аз ҳама кам се маротиба ва аз ҳама зиёд бошад бо раъйҳои мухталиф ҳафт ва ё ёздаҳ мебошад. Тасбиҳоти имом бошад мутобиқ ба ҳоли ҷамоъат буданаш лозим аст. Дар ҳоли танҳо намоз гузоштан тасбиҳотро аз ҳади ақал (се маротиба) ба ҷо овардан ҳаё бояд кард. Ҳади ақал панҷ ва ё ҳафт маротиба хондан лозим аст.

Дар ҳоли ба саҷда рафтан аввал он узве, ки ба замин наздиктар аст, онро ба замин бояд гузошт. Аввал зону баъдан дастон ва баъд бини ва пешониро ба замин гузоштан лозим аст. Дар ҳоли даст ва зонувонро дар замин гузоштан аз рост, ва дар ҳоли аз саҷда бархестан аз он узве, ки ба само наздиктар аст, шуруъ кардан лозим аст. Дар вақти аз саҷда хестан аввал пешониро бояд бардошт.

Дар ҳоли қиём ба маҳалли саҷда, дар ҳоли рукуъ ба қисми болоии пойҳо, дар ҳоли саҷда ба нуки бини ва дар ҳоли қаъда (нишаст) ба дастон назар кардан лозим аст. Чуноне, ки аз паёмбари худо (с.а.в.) ривоят мешавад: дар ҳоле, ки намозгузор чашмонашро ба ин ҷойҳо собит месозад ва назарашро ба дигар ҷоё сарф намекунад намози бо ҷамъият (хушуъ ва ҳузур) ҳосил мегардад.

Дар рукуъ ангуштҳоро кушода ва дар саҷда ба якдигар зич доштан суннат мебошад. Ба сабаби оне, ки дар рукуъ кушодани ангуштон ва дар саҷдо ҷафс нигоҳ доштани ангуштон фоидаҳои зиёде дорад, паёмбари худо (с.а.в.) дар ин шакл иҷро намудани ин корро амр карданд. Барои мо ба ҷуз мутобаъати расул (с.а.в.) дигар фоидае нест.”

Рузҳои ба шуморро нағз истифода бояд кард

Инсони бо ақл он касе мебошад, ки рузҳои ба шумормондаи умри худро дар роҳи ризои худо сарф мекунад. Агар худованд аз аъмоли бандаи худ рози нагардад, пас ин чи гуна ҳаёт аст? Худованд ҳама чизро мебинад ва медонад, ҳозир ва нозир аст. аз ин хотир аз худованд шарм доштан лозим аст. Шояд касе, он амалҳои ношояме, ки мекунад гумон кунад, ки каси дигаре ўро мебинад, асло дигарбора ба он амалҳои ношоиста даст намезанад, ва дидани дигаронро низ асло намехоҳад.

Чи ҳазин аст натарсидани инсонҳо аз худованд ва маҳзун нагаштанашон дар ҳоле, медонанд, ки худованд ҳозир аст, нозир аст ва аз ҳар як коре, ки мекунанд хабардор аст. Ин чи гуна мусалмонист, ки худованд дар назди онҳо ба миқдори як шахсе эътибор надошта бошад. Аз шарри нафс ва бадиҳои ў ба худованд паноҳ металабем.

Мутобиқ ба ҳукми ҳадиси паёмбари худо (с.а.в.) “Ло илоҳа иллаллоҳ гуфта имонҳоятонро таҷдид кунед” бо ин суханони муборак ҳар лаҳза имонро таҷдид бояд кард. Аз тамоми гуноҳон ба худованд тавба ва ба ў руҷуъ кардан лозим аст. Шояд, ки дигарбора тавба бароямон насиб нахоҳад гашт. “Касоне, ки баъд мекунам гуфтанд, ҳалок гардиданд.” Ин ҳадиси шариф аст, ки ҳар яки моро водор месозад кори имрӯзро ба фардо нагузорем.

Фурсатро ғанимат шумурда мутобиқ ба ризои аллоҳ амал кардан лозим аст.

Муваффақ шудан дар тавба инояти раббонист.

Аз худованди муттаъол доимо ин маъниро хостан, ва ҳиммати дарвешони олами ҳақиқат, ки ба мартабаҳои баланди шариъат расидаанд, талаб кардан, то зоҳир гардидани инояти илоҳӣ аз дари даргоҳи онҳо мадад ҷустан лозим аст…”

Вафот ва қабри шарифашон

Имоми Раббонӣ (қ.с.) 28.моҳи Сафари соли 1034.ҳ (М. 1624) дар сини 63 солагӣ дар зодгоҳашон Сарҳанд аз олам гузаштанд. Қабри шарифашон алҳол дар ш. Сарҳанд иёлоти Панҷоби кишвари Ҳиндустон қарор дорад.