АБУ САЪИД СОҲИБ (Қ.С.)

Бисту нуҳум ҳалқаи силсилаи содот Шайх Абу Саъид (қ.с.) 2. Зилқаъдаи соли 1196.ҳ (М. 1782) дар шаҳри Мустафободи кишвари Ҳиндустон ба дунё омад. Насабаш ба Имом Раббонӣ пайваст мегардад. Номи падараш Шайх Сафийю-л Қадир мебошад.

вафот ва қабри шарифашон

бо якчанд футуҳот ва фуюзот аз Мадинаи Мунаввара барои бозгашт ба ватанаш ба роҳ баромад. Дар шаҳри Лекванд расида буд, шиддати беморияш дучанд гардид. Соли 1250.ҳ (М. 1835) рӯзи иди Рамазон ҳоли сакароти мавт бар ӯ зуҳур кард. Ба писари миёнааш Абдул Ғанӣ, ки ҳангоми сафар ӯро ҳамроҳӣ мекард, чунин васият кард: “Тобеъи аҳли суннат шав ва аз аҳли дунё дур бош. Агар ба дари аҳли дунё ту биравӣ, залил мегардӣ.”

Баъдан “дар кадом вақти намоз қарор дорем?” гуфта пурсон шуд. Мавлавӣ Ҳабибуллоҳ дар як вақти мубоҳ қарор дорем метавонед намоз хонед, гуфта ҷавоб дод. Ҳ. Абу Саъид тамоми шабро ба намоз гузарониданд. Баъд аз нисфирӯзӣ хост, ки сураи Ёсинро бихонанд. Сураи Ёсинро се маротиба гӯш кард. Ва “Тамом андаке монд” гуфта ба хондани Калимаи шаҳодат шуруъ кард. Соли 1250.ҳ (м. 1835) рӯзи иди Рамазон байни пешину аср ҷон ба Ҳақ супурданд. Мавлавӣ Ҳабибуллоҳ ва дигар ашхоси дар қофила мавҷуд буда уро шӯста ба кафан печониданд. Намозашонро қозӣ Халилурраҳмон хонданд. Баъдан тобуташонро баъд аз чил рӯз тай кардани роҳ ба Деҳли оварданд. Вақте ки барои ба қабр гузоштан аз тобут бароварданд гӯё навакак шӯста шуда бошад ягон дигаргуние дар ҷасади муборакашон ба назар намерасид.

Қабри шарифашон дар Деҳли дар назди қабри устозашон Абдуллоҳи Деҳлавӣ (қ.с.) ҷойгир аст. “юнаввируллоҳу мазҷоҳу” ин ибора баъд аз вафоти эшон дар забони мардум достон гардид.