Бо фазилаттарин саҳоба ҳ. Абубакри Сиддиқ (р.а.) якумин ҳалқаи силсилаи содотро ташкил медиҳад. Ду сол баъд аз пайғамбари худо (с.а.в.) ба дунё омад. Падараш Абу Куҳофа (р.а.), модараш Салмо бинти Саҳр (р.анҳо) мебошад. Насабаш ҳам аз тарафи падар ва ҳам аз тарафи модар ба яке аз бобоёни пайғамбар (с.а.в.) Мурра пайваст мешавад. Дар замони ҷоҳилият номаш “Абду Раббил Каъба” буд. Баъд аз мусалмон шудан, пайғамбари худо (с.а.в.) ба ў “ Абдуллоҳ” ном гузошт.
Ҳ. Абубакр (р.а.) бе ягон ҷустуҷўи далил имон овард, ва бе шаку шубҳа муъҷизаи шаби Меъроҷро тасдиқ намуд. Аз ин рў тахаллуси “Сиддиқ” ро касб кард.
Имон овардан ва мардумро ба имон даъват кардани ҳ. Абубакр (р.а.)
Ҳангоми мардумро ба имон даъват кардани расули худо (с.а.в.) ҳ. Абубакр бе ягон шаку шубҳа имон овард. Дар вақти имон овардан 38 сола буд.
Ҳ. Абубакр аввалин марде мебошад, ки ба расули худо имон овард. Баъд аз имон овардан мардумро ба имон даъват мекард. Қисми зиёди инсонҳо ва аз ҷумла ҳ. Талҳа, ҳ. Усмон, ҳ. Зубайр бин Аввом (р.ъанҳум), ки аз ҷумлаи ъашараи мубашшара маҳсуб меёфтанд, дар зери даъвати ў имон оварда буданд.
Ба паёмбари худо (с.а.в.) ва дигар саҳобагони камбизоъат бисёр дасти ёрӣ дароз мекард. Вақте ки расули худо (с.а.в.) “ Он фоидае, ки молу амволи Абубакр ба ман расонид, амволи ягон каси дигаре ба ман чунин фоида нарасонидааст.” Фармуд, ҳ.абубакр (р.а.) гирён шуда “Тану ҷонам фидоят ё расулаллоҳ” гуфт.
Дар аввали муслумон шуданаш чил ҳазор дирҳам дошт. Дар вақти ҳиҷрат кардан ҳамагӣ панҷ ҳазор дирҳамаш боқӣ монда буд.
Ҳафт ғуломеро, ки ба сабаби муслумон шуданашон азобу шиканҷа медиданд, харидорӣ карда озод намудааст. Билоли Ҳабашӣ ва Омир бин Фухайра (р. ъанҳум) низ аз ҷумлаи инҳоянд.
Зикри Хафӣ ро талқин намудани пайғамбари худо (с.а.в.)
Ҳангоме, ки бо ҳамроҳии расули худо (с.а.в.) дар ғори Савр пинҳон мешуданд, мушрикҳо ба дараҷае ба ғор наздик шуда буданд, ки садои пояшон ба гуш мерасид. Дар он асно ҳ. Абубакр на барои худ, аз барои расули худо (с.а.в.) бисёр ғамгин шуда буд. Вақте, ки пайғамбари худо (с.а.в.) шоҳиди ин ҳоли Абубакр шуд, “Ғамгин машав ё Абубакр” гуфт. Ҳарчанде расули худо (с.а.в.) тасаллӣ мекард ҳ. Абубакр чи гуна аз ин ғаму андуҳ раҳо ёфтанашро намедонист. Дарҳол расули худо (с.а.в.) аз он ояе, ки ғаму андуҳро раҳо мекард “Ба дурустӣ, ки худо ҳамроҳи мост” хабар дод. Яъне “Маъиятуллоҳ-ро; ҳамроҳи мо будани худоро фикр карда муроқаба кун. Зеро шахсе, ки маъияти илоҳия ро фикр карда муроқаба мекунад тарсу ғаму андўҳ ба ў исобат намекунад.” Ва дар ин ғор ҳ. Абубакр сирри ин маъиятро аз расули худо пурсон шуд. Расули худо (с.а.в.) “ Сирри ин маъият зикри худоро бардавом ба ҷо оварданаст.” Фармуда ду зону нишастанд, чашмони муборакашонро пушида, зикри номи зоти аллоҳро; зикри хафӣ қалбро ба ҳ. Абубакр талқин намуданд.
Паёмбари худо (с.а.в.) зикри хафӣ қалбӣ ро аз миёни саҳобагон танҳо ба ҳ. Абубакр талқин карда, тамоми он маъорифи илоҳияе, ки дар садри худ доштанд битамомиҳо ба садри ҳ. Абубакри Сиддиқ ниҳоданд. Зеро мартабае, ки ҳ. Абубакр дошт, наздиктарин мартаба ба мартабаи “Нубувват” буд, ки ин ҳам “Сиддиқият” аст.
Ҳ. Абубакр дар зикри қалбӣ, бо таъмин намудани ҷамъияти куллия дар орзуи мушоҳидаи зоти илоҳӣ нафси худро лаҷом мезад. Чунон зикр мекард, ва ҷигараш дар оташи муҳаббати илоҳӣ чунон месухт, ки бӯи ҷигари сӯхта ба машом мерасид. Ҳамсоягон аз ин бӯй гумон мекарданд, ки дар хонаи ў кабоб пухта истодааст. Ба мо намедиҳад гуфта изҳори нороҳати баён мекарданд. Рузе ин аҳволро ба расули худо (с.а.в.) арз карданд. Расули акрам (с.а.в.) гуфтанд, ки ин бӯи ҷигари сухтаи Абубакр аз муҳаббати худост.
Хусусиятҳое, ки ҳ. Абубакр аввалият арз мекунад
- Аввалин мардест, ки ба худо ва расули ў имон овардааст,
- Аввалин бор ояҳои қуръони каримро ҷамъовари карда “Мусҳаф” ном гузошт,
- Дар ислом аввалин бор бо номҳои “Сиддиқ, Атиқ, ва Ҳалифа” номгузори карда шуд,
- Аввалин муассиси байтулмол ба шумор меравад,
- Аввалин шахсест, тамоми молу амволи худро барои расули худо (с.а.в.) сарф кардаст,
- Аввлин бор ба вазифаи фармондеҳи ҳаҷ таъйин гардид.
Хусуcиятҳое, ки баъд аз расули худо (с.а.в.) дуюмин дараҷаро касб мекунад
- Ҳангоми мардумро ба имон даъват намудани расули худо (с.а.в.) якумин шуда имон овард, ва аз ҷиҳати имоноварӣ баъд аз расули худо (с.а.в.) дуюмин шахс ба шумор меравад.
- Ҳ. Абубакр мардумро ба имон даъват мекар ва аксари мардум дар зери даъвати у имон оварданд. Аз ҷиҳати даъват низ баъд аз расули худо мақоми дуюмро ишғол менамояд.
- Паёмбари худо (с.а.в.) пеш аз вафоташон, ки дар бистари беморӣ буданд, ҳ. Абубакрро ба имоматӣ вазифадор карданд. Аз ҷиҳати имомӣ низ баъд аз расули худо (с.а.в.) дуюмин шахсият ба шумор меравад.
- Дар хусуси дафн гардиданашон дар назди расули худо (с.а.в.) низ дуюмин шахсият ба шумор меравад.
Иҷозат гирифтан барои дафн
Ҳ. Алӣ (р.а.) ҳикоя мекунад: “ Ҳ. Абубакр пеш аз вафоташ маро ба наздаш хонд ва “ Ё Алӣ! Чуноне, ки расулуллоҳ ро (с.а.в.) ғасл (шусти) кардӣ, маро низ баъд аз маргам ту ғасл кун ва ба кафанам буйҳои зебо пошида ба Ҳиҷраи Саъодат ба назди расули акрам бурда иҷозат бипурс. Агар дар кушода шуд, дар онҷо дафн кунед. Агар дар кушода нашуд маро ба қабристони мусалмонон бурда дафн кунед” гуфт. Баъд аз вафоташон чуноне, ки васият карда буданд, ғасл кардам ва ба кафан печонидам. Ба дари Ҳиҷраи Саъодат омадам. “ Ё расулаллоҳ Абубакр ба дарат омада маро дар наздат дафн гардидан иҷозат талаб мекунад.” Гуфтам. Дарҳол дар боз шуд. Дар он асно аз дарун садое ба гӯшам расид, ки “Ҳабиб ро (дустро) ба ҳабибаш биёред. Зеро ҳабиб дер боз пазмони ҳабиби худ буд.”
Вафот ва қабри шарифашон
Баъд аз вафоти расули акрам (с.а.в.) ҳ. Абубакр бисёр ғамгин гашта, рўз то рўз вуҷудашон заъиф мегардид.
Иртиҳоли расули худо (с.а.в.) як навъе сабаби вафоти эшон гардида буд. 23 ҷамозиял аввал 13 ҳ (М.634) шаби сешанбе аз олам чашм пушиданд.
Муддати хилофаташон ду солу се моҳу даҳ рўз мебошад. Ҷанозаи эшонро ҳ. Умар дар масҷиди Набавӣ хонданд. Ҳ. Абубакр (р.а.) шабонгоҳ дафн карда шуд. Аз тарафи писарашон Абдурраҳмон, Умар, Усмон ва Талҳа (р.ъанҳум) дар қабр гузошта шуд.