ҶАБҲАИ МАЪНАВӢ
Ҷаноби Ҳазрати Сулаймон дар амал ба мазҳаби Ҳанафӣ, дар эътиқод ба равияи Мотуридӣ мансуб буда, аз лиҳози ҷойгоҳ Нақшбандӣ аст. Ба Аҳли Суннат вал-Ҷамоат хеле вобаста буд. Ба касоне, ки якҷоя бо талабагонаш дар хутба ва сӯҳбатҳояш иштирок карда аз ӯ файз мегирифтанд, муҳимтарин тавсияаш ин буд, ки дар ақидаи Аҳли Суннат вал-Ҷамоат бо ихлос ва самимият пойбанд бимонанд.
Аз сабаби он, ки бо Тақдири азалӣ ҳалқаи 33-юм ва охирини Силсилаи Содот насибашон гашта буд, ҳалқаи 32-юми Занҷири Сайидҳо баъд аз тамом шудан ба сайру сулуки маънавии Ҳазрати Салоҳуддин Ибни Мавлоно Сироҷуддин (қ.с.), аз сабаби бузургии таҷаллиёташ Ҳазрати Салоҳуддин худро ба нисбати рӯҳонии Имоми Раббонӣ Муҷаддиди Алфи Сонӣ Аҳмади Форуқӣ ас-Сарҳандӣ (қ.с) таслим карданд.
Бо ҳиммати волои инсонҳое, ки дар ин замонҳои охири дунё аз файзи илоҳӣ насиб бурдаанд, одамонро аз чуқурии куфру зиллат ба сӯи имон ва ихлос бароварданд, ва ҳоло ҳам бароварда истодаанд.
Талабагони Ҳазрати Сулаймон Ҳилмӣ Тунахон ва нафарони мансуб ба ӯро бо нисбат додан ба устодашон “Сулаймонӣ” гӯянд ҳам дар асл ин як навъ таъбири нисбӣ мебошад, ва ягон хел дин, мазҳаб ва ё тариқате ба номи “Сулаймонӣ” вуҷуд надорад.
Олими бузурги Ислом дар давраи охир, Ҷаноби Ҳазрати Сулаймон Ҳилмӣ Тунахон (қ.с.) дар муқобили ҳар намуди куфр бо хизматҳои илмӣ ва феълии худ мубориза бурда, ҳамеша Аҳли Суннатро дифоъ мекард, бо фироқи зилла ҳам муҷодила намуда, бо фитнаҳои дохили Ислом ҳам меҷангид.
Бо чунин сухани худ ба дунёи Ислом хитоб мекард:
“Ҳой ҷамоати ислом! То замоне ки мо зинда ҳастем, гумон мекунед, ки ба асҳоби Русулуллоҳ тӯҳмату дурӯғро нисбат дода метавонед? (Ба чунин гумон роҳ надиҳед). Вале мо (ҷамоати Аҳли Суннат) зинда ҳастем.”