Тартиби замонӣ (Хронология)
Сол (милодӣ/румӣ)
1888/1304 – Ҷаноби Сулаймон (қ.с.) дар деҳаи Ферҳатлари қасабаи Ҳазергради Силистра ба дунё омад.
1902/1318 – Мактаби Рушдияи Силистраро хатм кард.
1907/1323 – Барои идомаи таҳсил ба Истанбул омад.
1913 – Аз Ҷаноби Бафрали Аҳмед Ҳамдӣ аввалин шуда иҷозат гирифт.
1914/1330 – Ба Мадрасаи Қисми Олии (Саҳн) Мадрасаҳои Дорул-Хилофат-ил-Олия дохил шуд. Якбора аз синфи сеюм сар кард.
1916/1332 – Дар шӯъбаи Тафсири ҳадиси Мадрасатул-Мутахассисин (Мадрасаи Сулаймония) номнавис шуд.
1918/1334 – Унвони Рууси Мударрисии Истанбулро гирифт.
1919/1335 – Шӯъбаи Тафсири Ҳадиси Мадрасаи Сулаймонияро хатм кард.
1926 – Зодгоҳи худ Ферҳатларро охирин маротиба зиёрат карда, 40 рӯз дар он ҷо монд.
1928 – Падараш Ҷаноби Усмон вафот кард.
1936 – Вазифаи Иршоди Билфеълро оғоз намуд.
1939 – Аввалин маротиба боздошт шуда, дар шӯъбаи якуми шиканҷа 3 рӯзро паси сар намуд.
1944 – Маротибаи дуюм боздошт гардид. Дар шӯъбаи якуми шинанҷа 8 рӯз нигоҳ дошта шуд.
1949 – Қонун дар бораи мусоидат ба кушодани Курси Қуръон ба таври маҳдуд ҳам бошад, роҳандозӣ гардид.
1951 – Аз Шаҳзадебашӣ ба Кисиклӣ кӯчид. Дар Чамлиҷа, дар ошёнаи якуми кӯшки кӯҳнаи як нафар соҳибкор Курси Қуръон ба фаъолият оғоз намуд.
1952 – Дар Чамлиҷа дар паҳлӯи Чиллахонаи Ҳазрати Азиз Маҳмул Худоӣ аввалин Курси Қуръони вобаста ба Муфтиёти Ӯскӯдар кушода шуд.
1956 – Ҳангоми мубориза бо истеъмори мусулмонони Алҷазоир аз ҷониби Франсия, дар хутбаҳои худ аз сабаби “Барои бародарони мусулмони худ дуо кунем” гуфтанаш, ба идораи полис даъват карда шуд, ва баёнот дод.
1957 – Ҳангоми баргузории ҳадисаи маҳдавия дар шаҳри Бурса боздошт гардид, ва дар Зиндони Кутаҳйя дар синни 69 солагӣ 59 рӯз зиндонӣ гардид. Пас аз саъю кӯшиши зиёд бегуноҳ дониста шуд.
1959 – (16 сентябр, рӯзи чоршанбе) дар Хонаи Саодати худ, ки дар Кисиклии Истанбул ҷойгир буд, дар синни 72 солагӣ ба дори бақо реҳлат намуд.